Таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии Консерваторияи миллӣ бо муассисаҳои таълимии Россия

Posted Tue, 17/11/2026 - 18:28
By admin
Давлатзода Баҳодур

Дар доираи сафари кории ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов, номзади илмҳои санъатшиносӣ, профессор Давлатзода Баҳодур Давлат ба шаҳри Краснодарии Федератсияи Россия, байни Консерваторияи миллии Тоҷикистон ва Донишкадаи санъати шаҳри Краснодар созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Созишномаи мазкур ба таҳкими робитаҳои байналмилалӣ, рушди ҳамкориҳои илмиву таълимӣ ва эҷодӣ, инчунин густариши муносибатҳои фарҳангии байни ду муассисаи таҳсилоти олии касбӣ равона гардидааст.

Дар доираи созишнома ҷонибҳо ҳамкориҳоро дар самти табодули таҷрибаи касбӣ, баргузории чорабиниҳои муштараки илмӣ ва эҷодӣ, такмили ихтисоси омӯзгорон, табодули донишҷӯён ва рушди робитаҳои академӣ ба роҳ хоҳанд монд. Ба имзо расидани ин санад қадами муҳим дар таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ва фароҳам овардани имкониятҳои нави рушди таҳсилоти мусиқӣ ва санъатшиносӣ ба шумор меравад.