Аҳмадзода Зуҳриддин Шамол

Раиси шурои илмӣ-методӣ
- Солҳои 2017-2018 Омӯзгори МИҶММС ба номи М. Атоев
- Солҳои 2018-2020 Ҷонишини декани факултети иҷрокунандагии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов
- Солҳои 2020-2021 Мудири шуъбаи фосилавӣ ва такмили тахассуси кормандони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов
- Солҳои 2021-2025 Декани факултети иҷрокунандагии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов
- Аз сентябри соли 2025 то ҳол Муовини ректор оид ба таълими Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов
Тел: 2270724. 5555559100
E mail: akhmedovzuhriddin5@gmail.com
Шурои илмӣ-методии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов
Шурои илмӣ-методии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ (МТОК) як сохтори муҳим дар донишгоҳ ё донишкада мебошад, ки ба баланд бардоштани сифати таълим, такмили барномаҳои таълимӣ ва рушди фаъолияти илмӣ-методӣ равона шудааст. Шурои илмӣ-методӣ – мақоми машваратӣ ва ҳамоҳангсоз аст, ки фаъолияти таълимӣ ва методиро дар муассиса танзим мекунад.
Мақсади асосии шуро:
- Баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот;
- такмил ва рушди барномаҳои таълимӣ;
- ҷорӣ намудани усулҳои нави таълим;
- баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон.
Дар ҳайати шурои илмӣ-методӣ сохторҳои зерин дохил мешаванд:
- муовини ректор оид ба таълим (раиси шуро);
аъзо:
- деканҳои факултетҳо;
- мудирони кафедраҳо;
- омӯзгорони соҳибтаҷриба;
- мутахассисони соҳаи методика;
- кормандони илмӣ.
Дар раванди таълим вазифаҳо ва самтҳои фаъолияти
шурои илмӣ-методӣ аз чунин зинаҳо иборат аст:
1. Фаъолияти таълимӣ-методӣ:
- баррасӣ ва тасдиқи барномаҳои таълимӣ, барномаи корӣ (силлабус)-ҳо, барномаҳои имтиҳонҳои давлатии хатм ва барномаҳои фардӣ;
- назорати сифати таълим;
- такмили нақшаҳои таълимӣ.
2. Фаъолияти илмӣ:
- муҳокимаи корҳои илмӣ-методии омӯзгорону кормандон;
- тавсия додан ба нашри китобҳои дарсӣ, маҷмуаҳои нотавӣ, барномаҳои таълимӣ ва дастурҳои таълимӣ-методӣ;
- ташкили семинарҳо ва конфронсҳо.
3. Ҷорӣ намудани технологияҳои нав дар раванди таълим:
- истифодаи технологияҳои муосири таълим (онлайн, интерактивӣ);
- омӯзиши таҷрибаи пешқадам дар низоми раванди таълим ҷавобгӯ ба бозори истеҳсолӣ.
4. Назорат ва баҳодиҳӣ:
- арзёбии фаъолияти омӯзгорон;
- мониторинги раванди таълим ва мониторинги сифати таҳсилот.
Ҳуқуқҳои шурои илмӣ-методӣ:
Шуро ҳуқуқ дорад:
- пешниҳод кардани тағйирот ба барномаҳои таълимӣ;
- тавсия додан ба роҳбарияти муассиса;
- баррасии масъалаҳои муҳими таълимӣ;
- пешниҳоди ҳавасмандгардонии омӯзгорон.
Тартиби фаъолияти кории шурои илмӣ-методӣ:
- гузаронидани ҷаласаҳо шуро одатан ҳар моҳ ё ҳар семестр;
- қарорҳо бо овоздиҳӣ қабул мегарданд;
- протоколи ҷаласа тартиб дода мешавад.
Аҳаммияти шурои илмӣ-методӣ дар низоми мактаби олӣ:
Шурои илмӣ-методӣ:
- сифати таълимро таъмин мекунад;
- раванди таълимро муосир мегардонад;
- фаъолияти омӯзгоронро ҳамоҳанг месозад;
- ба рушди илм ва методика мусоидат мекунад.
Фаъолияти шурои илмӣ-методии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов аз соли таҳсили 2017-2018 ҷиддитар ба роҳ монда шуда, дар ин давра аз соли таҳсили 2017-2018 то соли таҳсили 2025-2026 зиёда аз 50 китобҳои дарсӣ, маҷмуаҳои нотавӣ ва барномаҳои таълимиро ба чоп тавсия кардааст, ки рӯйхати китобҳои дарсӣ, маҷмуаҳои нотавӣ ва барномаҳои таълимӣ оварда мешавад.
