Конференсияи бузургдошти Акашариф Ҷӯраев
Акашариф Ҷӯра овозхон ва оҳангсози маъруфи тоҷик, Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон.
Акашариф Ҷӯраев аз маъруфтарин сарояндагони сурудҳои мардумӣ буда, дар миёни мардум хеле маъруф аст ва имрӯзҳо низ сурудҳои ӯро сарояндагони мардумӣ месароянд. Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи ӯ гузошта шудааст.
Санаи 19.06.2026 дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба хотири гиромидошт аз 130- солагии Акашариф Ҷӯраев конференсияи байналмилалии илмии “Акашариф Ҷӯра ва масоили мубрами эҷодиёти шеърӣ-мусиқии тоҷик: дирӯз ва имрӯз” баргузор шуд.
Конфренсияро бо сухани муқаддимотӣ муовини Президенти Академияи милли илмҳои Тоҷикистон, д.и. филология, профессор Муҳаммаддовуд Саломиён ифтитоҳ намуда, аз саҳми Акашариф Ҷӯраев дар рушди санъати мардумии тоҷик сухан ронд.
Ҳамчунин, Президенти Академияи милли илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ва муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Обид Назариён бо сухани табрикотӣ баромад намуда, доир ба ҳунару эҷоди Акашариф Ҷӯраев ва сиёсати давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан сиёсати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар гиромидошти чеҳраҳои намоёни фарҳангу санъати тоҷик ибрози андеша намуданд.
Дар кори конференсия Аскаралӣ Раҷабов, доктори илмҳои таърих, профессор; Баҳринисо Қобилова, доктори илмҳои таърих, мусиқишинос; Равшан Раҳмонӣ, доктори илмҳои филология, профессор; Амирбек Мӯсозода, профессор, композитор; Ҳаётхон Мӯминова, номзади илмҳои таърих, мусиқишинос; Мунира Шаҳидӣ, номзади илмҳои филология, фарҳангшинос; Кароматулло Раҳимов, номзади илмҳои санъатшиносӣ; Раҳимҷон Аминҷонов, номзади илмҳои таърих, мусиқишинос; Соҳибҷон Бегматов, профессор, мусиқишинос (аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон); Ғаниҷон Худоев, мусиқишинос (аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон) ва Ариана Зевако, доктори мусиқишиносӣ (аз Фаронса) бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад намуданд.
Дар қисмати фарҳангии конференсия ҳунарманди хушсадо бо сурудҳои дилнишини мардумӣ табъи ҳозиринро шод гардониданд.
