June 2022

Консерти ҳисоботии хори омехтаи донишҷӯён дар КМТ ба номи Талабхӯҷа Сатторов

Posted Tue, 06/28/2022 - 14:12
By admin

Имрӯз дар Толори калони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов консерти ҳисоботии хори омехтаи донишҷӯён баргузор гардид.

Ин консерти ҳисоботӣ аз 9 барномаи эҷодӣ иборат буд, ки дар он асару оҳангҳои тозанашри Миралӣ Достизода, Амирбек Мӯсозода ва Қудратулло Яҳёзода ба садо даромаданд.

Опера бо номи «Рӯдакӣ» дар театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ

Posted Tue, 06/28/2022 - 13:50
By admin

Санаи 31.05.22 дар театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ аз ҷониби студияи операвии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов опера бо номи «Рӯдакӣ» намоиш дода шуд.

Ин опера аз 2 парда ва 5 намоиш иборат буда, муаллифони либретто С. Улуғзода ва С. Севертсев мебошанд, ки донишҷӯёни консерватория онро бо маҳорати баланд иҷро карданд.

Басаҳнагузорандаи намоиш Раҳмонов Манучеҳр, дирижёр Солиҳов Алишер, омӯзгори синфи операвӣ Баротов Шарифбек, консертмейстр Раҷабова Лола ва композитори он Шарофиддин Сайфиддинов мебошанд.

Консерт дар Толори хурди Консерваторияи миллии Тоҷикистон

Posted Tue, 06/28/2022 - 13:36
By admin

Санаи 23.05.22 дар Толори хурди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов консерти ҳисоботии кафедраи фортепианои умумӣ баргузор гардид. 

Ин консерт аз 32 барномаи эҷодӣ иборат буд ва дар он шогирдон маҳсули эҷоди навозандагии худро ба намоиш гузоштанд.

Консерт дар Толори калони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов

Posted Tue, 06/28/2022 - 12:46
By admin

Имрӯз дар Толори калони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов аз ҷониби омӯзгори кафедраи фортепианои тахассусӣ Сайфиддинов Беҳрӯз консерт баргузор гардид.

Ин консерт аз 13 барномаи эҷодӣ иборат буд, ки омӯзгор Сайфиддинов Беҳрӯз маҳорати навозандагӣ ва эҷодии худро ба намоиш гузошт.

Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии «мутриб»-и ҲХДТ дар КМТ

Posted Tue, 06/28/2022 - 12:42
By admin

Имрӯз дар Конфронстолори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии «Мутриб» баргузор гардид.

Теги

Супоридани дипломи 7-умин озмуни байналмилалӣ "Grand music art"

Posted Tue, 06/28/2022 - 12:33
By admin

Супоридани дипломи 7-умин озмуни байналмилалӣ "Grand music art" дар номинатсияи композиторӣ аз ҷониби Достизода Миралӣ ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ба мудири кафедраи фортепианои тахассусӣ Убайдзода Бахтиёр.

Теги