Ҷойгоҳи зан– модар дар паёмҳои Пешвои Миллат
Мо вуҷуди муқаддаси модарро аз аввалин лаҳзаҳои ҳаёт то дами вопасин фаромӯш намекунем, чун ӯ ҳангоми шодиву нишот ва ғаму андуҳи зиндагӣ ҳамеша ҳамроҳи мост.
Эмомалӣ Раҳмон
Бузургии зан-модар дар он аст, ки имрӯз тамоми бузургони олам аввалин сухани худро аз калимаи модар шуруъ мекунанд. Барои ҳар яки мо модар азизтарин мавҷудоти рӯйи замин мебошад, зеро дар ҳама пастиву баландии зиндагӣ модар ғамхори мост. Модар аст, ки тамоми ҳастии худро барои фарзанд дареғ намедорад. Агар ба гузаштаи таърих назар афканем мебинем, ки модари тоҷик аз азал беҳтарин ва номбардортарин фарзандони миллатро ба дунё оварда, ба воя расонидааст. Дар ҳар давру замон модар барои фарзанди хеш ҷонбозиҳо мекунад, то ин ки фарзанди ӯ орому осуда бошад. Ҳоноре де Балзак мефармояд: «Ҳеҷгоҳ дар зиндагӣ наметавонед муҳаббатеро беҳтар, хубтар ва воқеитар аз муҳаббати модари худ ёбед». Пас, чӣ гуна мо имрӯз бузургии модарро васф накунем ва ба қадру манзалати зан – модар нарасем. Бузурге мефармояд, ки «Модар калимаест муқаддас ва чун ин дунё беоғозу беанҷом». Дар воқеъ, агар соатҳову солҳо бузургии модарро васф кунем, камӣ мекунад. Чун болотар аз меҳри модар ва гармтар аз қалби ӯ, фузунтар аз нури зиёаш дар дунё чизе нест. Ҳастӣ аз модар сарчашма мегирад. Дили гарми модар ҷаҳонро рӯҳафзоӣ мебахшад. Шоири халқии Тоҷикистон Рустам Ваҳҳобзода мефармоянд:
Қадри модар бо гузашти вақт афзун мешавад,
Куҳнагӣ роҳе надорад дар замони модарон.
Дар зиндагӣ ҳама чизро фаромӯш карда мешавад, вале меҳри поки модар ҳеҷ гоҳ аз хотираҳо зудуда намешавад. Бо гузашти вақт баъд аз сари онҳо ба қадрашон мерасем, ки ба ин маънӣ Лоиқ мефармоянд:
Ҳаргиз нашавад фаромӯш аз хотири ман,
Борони баҳору гиряи модари ман.
Дар васфи Модар ва ҷойгоҳи ӯ ҳазорҳо шоирону нависандагон пораҳои назмию насрӣ ва модарномаҳо эҷод карданд, ки ҳар яки онҳо мақому манзалати модарро боз ҳам болотар мебардоранд. Алан Кэй таъкид мекунад: «Модар гаронбаҳотарин дороии як миллат аст ва ба андозае арзиш дорад, ки метавон гуфт: Ҷомеа замоне ба авҷ мерасад, ки битавонад аз кор ва кирдорҳои модар пуштибонӣ кунад».
Дар баробари шоирону нависандангон, дар замони Истиқлоли комили мамлакатамон фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақом ва қадру қиммати зан – модарро на танҳо баланд бардоштанд, балки зан – модарро дар сиёсати худ пешоҳангу ҷомеасоз, давлатдору тарбиятгар ва миллатсозу офарандаи инсон намуд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 декабри соли 2018 дар Паёми хеш оид ба қадру қиммати модар чунин қайд намуданд:
«Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.
Баробари ин, медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.
Ба ин хотир, мо масъул ҳастем, ки ба ин мавҷуди офарандаи инсоният арҷ гузорем, ранҷу машаққат ва заҳмату хизматҳои ӯро қадр намоем».
Ҳамаи ин ғамхориҳо гувоҳи он аст, ки аз рӯзи аввали ба сари қудрат омадани худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то ба ҳол дар ҳар як баромади хеш ҷойгоҳи зан-модарро дар таърихи башарият таъкид менамоянд ва эҳтироми хосса мегузоранд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 декабри соли 2021 дар Паёми навбатии худ дар мақоми зан – модар чунин таъкид намуданд:
«Мо бояд як нуктаи муҳимро ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки зан – модар мавҷуди муқаддас мебошад ва ҳамаи сиёсатмадорону донишмандон ва бузургони олам, аз ҷумла Пайғамбари ислом аз домани поки модар ба дунё омадаанд ва бо шири ҷонбахши ӯ бузург шудаанд.
Воқеан, мақоми зан – модар дар ислом бисёр баланд мебошад ва беҳуда нест, ки дар Қуръони карим сураи чаҳорум бо номи «Нисо» (занон) нозил шудааст.
Бинобар ин, ба ҷо овардани иззату эҳтироми модарону занон ва бонувону духтарон, саъю талош ба хотири ҳалли мушкилоти онҳо ва фароҳам овардани шароит барои илму донишомӯзӣ ва соҳиби касбу ҳунар гардидани духтарон вазифаи ҷонии мо мебошад».
Боиси ифтихор аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ҳамаи самтҳои ҷомеа дар самти давлатдорӣ боз ба мақоми зан – модар таваҷҷуҳи махсус доранд. Имрӯзҳо дар баробари мардон, модарони тоҷик низ дар вазифаҳои роҳбарикунанда бо як ҷазабаи хос кору фаъолият доранд. Шоир Рустам Ваҳҳобзода мефармоянд:
Аё модар, ба ҷазби меҳри покат,
Ту ҳамтадбиру ҳамзӯри заминӣ.
Ба гирдат ҷамъ карда баччаҳоят,
Зи ҳар кунҷе пайи дидорбинӣ.
Дар таърихи инсоният кам қавму миллатҳо ба зан– модар эҳтиром мегузорад. Имрӯз модари тоҷик аз вазифаи омӯзгор сар карда то вазифаи роҳбарикунанда кору фаъолият дорад. Ин ҳама аз дастгириҳову ғамхориҳои роҳбари оқил шаҳодат медиҳад. Тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ ва эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, пеш аз ҳама, аз оила сарчашма мегирад. Ҳамин бузургии модар аст, ки дар оила фарзандони солимро дар руҳияи ватандӯстӣ ба воя мерасонад. Таъкид кардан ба маврид аст, ки ташкили квотаҳои президентӣ, сохта ва ба истифода додани корхонаҳои саноатӣ барои занону бонувон, ташкили грантҳои президентӣ барои занҳои соҳибкор ва дигар самтҳо аз зери таваҷҷуҳи махсуси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доштани модарон дарак медиҳад. Яъне, дар баробари дар оила тарбия намудани фарзандони солим, боз дар самти давлатдорӣ низ саҳми модари тоҷик арзишманд мебошад.
Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат то ҳол бо як шукӯҳу шаҳомат ҷашн гирифтани «Рӯзи модарон»худ далели ин гуфтаҳост. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28 декабри соли 2023 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи дастгирии занону бонувон дар замони соҳибистиқлолӣ чунин таъкид намуданд:
«Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи зиёди занону бонувони лаёқатманду баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ ҷалб карда шудаанд ва ин раванд минбаъд низ идома дода мешавад.
Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст. Мову шумо нафақат дар як Рӯзи модар, яъне 8-уми март, балки бояд ҳамеша ва доимо нисбат ба модарону хоҳарону духтарони худ ғамхору меҳрубон бошем.
Бовар дорам, ки занон ва модарону бонувону духтарони арҷманди мо минбаъд низ дар риояи муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ба ҳаёти мустақилона омода намудани фарзандон, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва беҳтар гардидани зиндагии ҳар як оилаи мамлакат нақши арзишманди худро мегузоранд».
Лозим ба ёдоварист, ки ҳамасола Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонҷойгоҳи зан – модари тоҷикро дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ хеле назаррас медонанд ва ба занону бонувони Ватани азизамон боварии комил доранд, ки фарзандони худро дар чунин руҳия тарбия менамоянд.
Ба ин маънӣ олим ва шоири бузург Рустам Ваҳҳобзода мефармоянд:
Агар миллат ҳама лашкар бигардад,
В-агар олим ҳама кишвар бигардад,
Бақое ончунон ҳаргиз надорад,
Агар беҳурмати модар бигардад.
Ҳамин тавр, метавон хулоса намуд, ки ҷойгоҳи зан – модар дар меҳвари паёмҳои Пешвои миллат қарор дорад ва ин нукта собитгари он аст, ки дар сиёсати имрӯзаи Тоҷикистон занону модарон мавқеи муҳим доранд. Зан – модар на танҳо офарандаи инсон, балки омӯзгору табиби ҳозиқ, сиёсатмадору тоҷири муваффақ, сарҳадбону афсари далери Ватан, роҳбару роҳнамои ҷомеа мебошад.
Омӯзгори калони
кафедраи забонҳо
Қурбонов Оятулло Баракатуллоеви