Идомаи Базми Фалак
Оҳанги рӯҳафзои Фалак имрӯз ҳам дар Консерватория садо дод. Барномаи консертиро сараввал муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр Муртазо бо сухани табрикотӣ ифтитоҳ намуда, оид ба мақому манзалати мусиқии суннатии Фалак дар фарҳанги миллӣ ибрози назар карданд. Ҳамзамон, аз номи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба профессор Азизӣ Фароғат Абдуқаҳҳорзода барои саҳми арзанда дар рушди илми тоҷик, хоссатан мусиқишиносӣ ва кӯшишу талошҳои пурсамар барои ба руйхати мероси фарҳангӣ шомил гардидани Фалак изҳори сипос намуда, китоби навтаълифи устодро ҳамчун дастури хуби таълимӣ барои кулли устодону шогирдони соҳаи санъати мусиқии касбӣ тавсия намуданд. Баъдан, ба як қатор устодон барои саҳми арзанда дар таълиму тарбияи ҷавонон ва тарғиби фарҳанги миллӣ аз номи роҳбарияти консерватория ифтихорномаҳо тақдим гардиданд.
Дар барномаи консертии имрӯзаи “Шоми фалакхонӣ” намунаҳои созии он дар иҷрои ансамбли мутрибони анъанавӣ манзури меҳмонону тамошобинон гардонида шуданд.
Бояд тазаккур дод, ки дар Консерваторияи миллӣ кафедраи мутрибони анъанавӣ фаъолият дорад, ки ба эҳё, рушд, таҳқиқ ва таъмини созҳои мусиқии анъанавӣ бо маводи таълимӣ-методӣ машғул буда, қариб ҳамаи созҳои мусиқии суннатиро ба шогирдон меомӯзад. Ҳадафи ин кафедра,такмил додани маҳорати навозандагии шогирдон дар заминаи созҳои анъанавии мусиқӣ мебошад. Илова бар ин, дар ҳамкорӣ бо лабораторияи таъмири созҳои халқӣ дар таълимгоҳ, ҷиҳати азнавсозии созҳои миллӣ таваҷҷуҳи махсус дода мешавад.
Ҳар сол дар таҷлили Рӯзи Фалак ансамбли мутрибони анаъанавӣ барномаи махсуси консертӣ аз рӯйи асарҳо ва намунаҳои қадимаи анъанавӣ таҳия намуда, пешкаши тамошобинон ва омӯзгорону донишҷӯён мегардонад. Дар барномаи консертӣ донишҷӯён, магистрантон ва омӯзгорони ҷавон дар созҳои мухталифи мусиқии анъанавӣ (дутор (думбура), ғиҷак, най, сетор, рубоби бадахшонӣ, дойра, таблак ва ғ.) дар шакли якканавозӣ ва ансамбл асарҳои тозаэҷоди хешро манзури мухлисони жанри маъмули мусиқии суннатӣ мегардонанд.
Репертуари ансамблҳо аз ҳисоби суруду оҳангҳои сабки фалак ғанӣ ва бой гардида, мазмуну муҳтавои суруду оҳангҳо замонавӣ шуда истодаанд. Ба барномаи консертӣ силсиласарҳои ҳунармандон ва оҳангсозони тоҷик ворид мегарданд.
Барномаи имсолаи бахши созии Фалак фарогири асарҳои созии тозаэҷод буд, ки аз тарафи донишҷӯён зери роҳбарии устодонашон дар сатҳи баланди касбӣ иҷро карда шуданд. Махсусан иҷрои “Сисилаоҳангҳо”-и Умари Темур, Давлатманд Холов, Сангалӣ Мирзоев ва “Рози Фалак”-и Алишер Раҳмонов дар иҷрои ансамбл, “Равонаи Фалак”, оҳанги Рустами Абдураҳим дар иҷрои донишҷӯи курси чорум Юсуфзода Абдунабӣ, “Мавҷи Панҷ”, оҳанги Қимматшоҳ Искандаров дар иҷрои донишҷӯи курси сеюм Разияллоҳ Убайдзода, “Фалак-Рапо”, оҳанги халқ, дар иҷрои донишҷӯи курси чорум Мунис Борониев хеле хуб, бо маҳорати хоссаи навозандагӣ ва таъсирнок садо доданд.
“Навои сетор”-и Гулбек Саодатов дар иҷрои омӯзгор Қурбон Давлатов ва “Фалак-ситоиш” дар иҷрои омӯзгор Муқадир Амиров дар услуби хос, бо маҳорати баланд иҷро гардида, аз ҷониби тамошобинон хуб пазируфта шуданд.
Ҳамин тавр, дар факултети мусиқии суннатии тоҷики Консерваторияи миллӣ, бо истифода аз тарзи таълими таърихи ҳазорсола доштаи анъанавӣ - «устод-шогирд» ва заҳмату кӯшишҳои омӯзгорону профессорон, Ҳунармандони машҳуру номии кишвар ва донандагони хуби жанри Фалак, мактабҳои асил ва бонуфузи санъати фалаксароии ҳофизону навозандагон, ҳунармандони бузурги ҷумҳурӣ, аз ҷумла, Бобохалили Одина, Раҷабмади Валӣ, Мадалии Барот, Карими Шиш, Акашариф Ҷӯраев, Ҳошими Қосим, Одина Ҳошим, Гулчеҳра Содиқова, Абдулло Назрӣ, Иброҳим Кобулиев, Мусаввар Минаков, Мамадато Таваллоев, Нусайрӣ Одинаев, Наврӯзшоҳ Қурбонҳусейнов, Моҷон Назардодова, Ҳаким Маҳмудов, Файзалӣ Ҳасанов, Хол Давлатманд, Сафармуҳаммад Муродов, Дона Баҳромов, Аслия Искандарова, Панҷшанбе Ҷорӯбов ва даҳҳо дигарон муваффақона идома меёбад.