Базми фалак дар Ҷашни Фалак

Posted Wed, 10/09/2024 - 21:00
By admin

Имрӯз дар толори калони Консерваторияи миллӣ ба муносибати Рӯзи Фалак консерти ҷашнӣ таҳти унвони " Шоми фалакхонӣ" доир гардид, ки он ба худ фазои идона касб карда, кулли меҳмонони аз дуру наздик омадаро дар ҳавои мусиқии Фалак ба худ ҷалб карда буд. Хусусияти ҷашни имсолаи Фалак дар Консерваторияи миллӣ аз он иборат буд, ки дар он пайвастагии суруду навозиш, оҳангҳои нави мусиқии суннатии асили тоҷик ва илми фалак мушоҳида карда мешуд.

Дар замони Истиқлоли давлатӣ дар рушуду нумуи фалак, омавӣ ва касбияти воло пайдо кардани он дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Фалак ба муаррифгари фарҳанги тамаддунсози халқи тоҷик дар арсаи байналмиллалӣ табдил ёфта, ба ҷаҳониён мусиқии сунатии касбиро тарғибу ташвиқ карда истодааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду нумӯи мусиқии Фалак ғамхории зиёд зоҳир менамоянд. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 августи соли 2007 ҳар сол 10 октябр ҳамчун рӯзи Фалак ҷашн гирифта мешавад ва ин чорабинии фарҳангӣ бо тантана ва шукуҳу шаҳомати ба худ хос таҷлил мегардад. Инчунин, 15 декабри соли 2021 дар ҷаласаи 16-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО дар шаҳри Париж Фалак ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддӣ шомил гардид.

Маҳфили эҷодиро ноиби ректор оид ба таълим Саъдулло Каримзода бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, меҳмонон ва ҳозиринро ба муносибати рӯзи Фалак табрику таҳният гуфтанд. Пеш аз оғози барномаи консертии ҷолиб ва пурмазмун, бо иштироки олимон рӯнамоии китоби тозанашри доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессори Консерватория Азизӣ Фароғат Абдуқаҳҳорзода баргузор карда шуд. Устоди Фалак Ф. А. Азизӣ зикр карданд, ки аз таърихи пайдоиши худ Фалак ҳамчун мусиқии касбии тоҷик рушд карда, таҳаввулоти ҷиддиро аз сар гузаронида истодааст. Доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Аслиддин Низомов низ доир ба Фалак ҳамчун падидаи нодири фарҳанги миллӣ ва аҳаммияти таҷлили он ибрози ақида намуданд.

Агар солҳои аввал Консерватория Рӯзи Фалакро бо барномаҳои консертӣ истиқбол мегирифт, солҳои охир мекӯшад, ки бо таълифи китобҳои нав, барномаи пуршукуҳи консертӣ, дарсҳои кушод ва дигар коркардҳои таълимӣ-методӣ ба ҷашнгирии ин иди мусиқӣ бирасад.

Консерваторияи миллӣ боргоҳи таълимиест, ки аҳли Фалак, сарояндагон, навозандагон ва бунёдкорони мусиқии Фалакро муттаҳид кардааст ва воқеият ҳам бояд чунин бошад. Зеро, Консерваторияи миллӣ дар Тоҷикистон ягона муассисаи таҳсилоти олии касбие мебошад, ки мутахассисони касбии соҳаи мусиқии анъанавӣ, аз ҷумла Фалакро ба камол мерасонад.

Дар рӯзи аввали консерт (Фалаки овозӣ) донишҷӯёни шуъбаҳои сарояндагӣ ва мутрибони анъанавӣ зери роҳбарии Ҳофизи халқии Тоҷикистон Файзалӣ Ҳасанов ва омӯзгорони кафедраҳои мазкур Манучеҳр Бурҳонов, Фаридуни Ҳотам, Қурбон Давлатов суруду оҳангҳоро дар сатҳи баланди касбӣ иҷро намуданд, ки аз тарафи меҳмонон, омӯзгорону кормандон ва мутахассисон хеле хуб пазируфта шуд. Роҳбарии бадеии консертро Саъдулло Каримзода ба уҳда дошт.

Боиси тазаккур аст, ки барномаҳои консертӣ доираи жанрии Фалакро хеле васеъ нишон дода, дар он шаклҳои яккахонӣ, якканавозӣ услуби камеравӣ (ҳуҷрабазмӣ)-и Фалаки Кулобӣ ва Помирӣ дар баробари судудҳои мазмунан нави сабки Фалак аз ҷониби чеҳраҳои нави фалакхон иҷро карда шуда, манзури тамошобинон гардиданд.

Маврид ба зикр аст, ки барномаи консертии мазкур аз ду қисм иборат буда, бахши Фалаки созӣ рӯзи 10-уми октябр соати 11:00 дар толори калон баргузор мегардад.