Оғози нахустин курсҳои омӯзишии созҳои мусиқӣ ва сарояндагӣ
3-юми ноябри соли 2025 дар таърихи фарҳанги миллии мо рӯйдоди муҳим ва хотирмон сабт гардид. Дар ин рӯз аввалин курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши созҳои мусиқӣ ва сарояндагӣ дар назди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов расман оғоз ёфтанд.
Ин иқдоми созанда бо ташаббуси роҳбарияти Консерваторияи миллӣ ба роҳ монда шуда, ҳадафи асосии он таҳкими сатҳи маърифати мусиқӣ, боло бурдани касбияти ҳунарӣ ва ҷалби дӯстдорони санъати мусиқӣ ба омӯзиши ҷиддии нозукиҳои забони мусиқии касбӣ мебошад.
Нахустин рӯзи дарс дар муҳити гарму самимӣ, бо иштироки фаъолонаи роҳбарият, устодон ва шогирдони курсҳо баргузор гардид. Шавқу завқи баланди иштирокчиён далели он аст, ки омӯзиши мусиқӣ ва сарояндагӣ ва дарки илмиву назариявии он дар ҷомеа мавқеи хосса дорад.
Саводнокии мусиқӣ — калиди фаҳми амиқи санъат, воситаи рушди зебоипарастӣ ва заминаи муҳими эҷодиёти шахсӣ мебошад. Ин курсҳо ба иштирокчиён имкон медиҳанд, ки донишу маҳоратро дар сатҳи назариявӣ ва иҷрокунандагӣ тақвият дода, ба ҷаҳони зебои мусиқӣ бо фаҳми комил ворид гарданд.
Консерваторияи миллӣ бо чунин ташаббусҳо қадаме устувор дар роҳи рушди фарҳанг, мусиқӣ ва маорифи эҷодӣ мегузорад.
Ба ҳамаи омӯзишгирандагон дар роҳи омӯзиш ва камолоти ҳунарӣ муваффақиятҳои беназир ва илҳоми эҷодӣ таманно дорем!
