Баргузории нишасти матбуотӣ дар Консерватория

Posted Mon, 02/12/2024 - 16:26
By admin

Имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти соли 2023 доир гардид.

Достизода Миралӣ, Ректори Консерватория дар нишасти мазкур оид ба фаъолияти таълимӣ-методӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ, эҷодӣ ва тарбиявӣ, фаъолияти байналмилалӣ, бахши кор бо хатмкунандагон ва курсҳои такмили ихтисос ҳисоботи муфассал пешниҳод намуданд.

Зикр гардид, ки моҳи июни соли 2023 Консерватория аз санҷиши Агентии назорат дар соҳаи маориф сарбаландона гузашта, барои идомаи фаъолият таи панҷ соли оянда иҷозат гирифт.

Ҳамчунин қайд карда шуд, ки нақшаи қабул барои соли таҳсили 2023-2024 86% иҷро гардида, қабули магистрантон 85% ва докторантон (PhD) 100% - ро ташкил медиҳад, ки ин нишондод нисбат ба дигар МТОК ба маротиб бештар буда, барои Консерватория дастоварди хеле хуб аст. Нерӯи илмиву эҷодии устодон дар консерватория дар давраи ҳисоботӣ 34,55 % мебошад.

Шумораи хатмкунандагон дар соли 2023 67 нафар(96%) -ро ташкил намуда, ҳамаи хатмкардагон дар муассисаҳои таълимиву фарҳангии Вазорати фарҳанг, дастаҳои ҳунарии Кумитаи давлатии телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои кишвар пурра ба кор ҷалб карда шудаанд.

Фаъолияти эҷодии Консерватория дар давраи ҳисоботӣ хеле пурсамар арзёбӣ гардид.

Дар соли 2023 дар Консерватория чорабиниҳои зиёди бошукӯҳи сиёсӣ ва фарҳангию маърифатӣ ташкил ва баргузор карда шуд. Ҳамчунин қайд карда шуд, ки имсол, тибқи нақшаи чорабиниҳои Консерватория, баргузории силсилачорабиниҳо ба хотири ёдбуд ва гиромидошти устодони бузурги санъати мусиқии касбӣ ба нақша гирифта шуда, дар ин давраёдбуди Шӯҳрат Ашуров, 120-солагии Шоҳназар Соҳибов ва 100-солагии Ҳанифа Мавлонова таҷлил гардиданд.

Яке аз дастовардҳои муҳимтарини илмии Консерватория дар соли сипаригардида, таъсиси нахустин Шурои муштараки диссератсионӣ дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон аз рӯйи ихтисосҳои санъати мусиқии касбӣ ва рассомӣ дар заминаи Консерватория ба ҳисоб меравад, ки дар он аллакай як рисолаи номзадӣ(Давлатзода Б.Д. дар мавзуи “Таджикский щипковый хордофон в системе национального ансамблево-оркестрового музицирования”) дифоъ карда шуд.

Нашрҳои 3-юм ва 4-уми маҷаллаи илмии “Мутриб” ба чоп омода шудааст. Чопи китобҳо 3 адад ва мақолаҳои илмӣ беш аз 20 адад мебошанд, ки 8 –тоаш дар маҷаллаҳои тақризшавандаи КОА-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия нашр гардидаанд.

Равобити хориҷии Консерватория хеле хуб ба роҳ монда шуда, дар давоми соли 2023 роҳбарияти муассиса бо намояндагони Сафоратҳои давлатҳои хориҷ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, устодон ва ҳунармандони МТОК ва муассисаҳои фарҳангии хориҷи кишвар вохӯриҳо доир намуданд, ки дар натиҷаи он як қатор консертҳои синфӣ, консертҳои муштараки эҷодӣ ва дарсҳои маҳорати устодону ҳунармандон гузаронида шуданд.

Иштироки профессорон ва устодони Консерватория дар конференсияҳо ва симпозиумҳои байналмилалӣ (3 адад) ва ҷумҳуривӣ (14 адад), иштироки донишҷӯёну омӯзгорон дар фестивал ва озмунҳои байналмилалӣниз хеле назаррас буда, аз пурзӯр гардидани нерӯи илмиву эҷодии Консерватория шаҳодат медиҳад.

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” дар соли 2023 аз шумораи донишҷӯён ва омӯзгорони Консерватория 25 нафарро ташкил медиҳад, ки аз нумӯъ ёфтани касбияту истеъдоди донишҷӯён гувоҳӣ медиҳад.

Ҳамчунин зикр гардид, ки бахшида ба 20-солагии таъсисёбии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир гардида, дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ консерти бошукӯҳ баргузоршуд.

Таъсиси лабораторияи омӯзишӣ, таъмир ва тармими созҳои миллии мусиқӣ аллакай натиҷаҳои хуб ба даст овард. То ба имрӯз аз ҷониби созтарошони лабораторияи мазкур се асбоби мусиқӣ сохта шуда, ба Консерватория пешниҳод гардид.

Дар анҷоми нишасти матбуотӣ, намояндагони ВАО ба саволҳои дилхоҳи худ посух гирифтанд.