Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тантана таҷлил шуд
Имрӯз, 21 ноябри соли 2025 дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов чорабинии илмӣ-фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид. Ин ҳамоиш, ки яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои солонаи муассиса ба шумор меравад, бо ҳузури роҳбарият, устодон, донишҷӯён ва меҳмонон аз Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон сурат гирифт.
Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллӣ ва сухани табрикотии ректори Консерватория, номзади илмҳои санъатшиносӣ, дотсент Давлатзода Баҳодур Давлат оғоз ёфт. Ӯ аҳаммияти Парчами давлатиро ҳамчун рамзи истиқлолият, ваҳдат ва худшиносии миллӣ таъкид намуда, нақши муассисаҳои фарҳангиро дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва тарбияи насли созанда муҳим арзёбӣ кард.
Сипас, раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон Файзализода Дӯстмурод баромад намуда, ҳозиринро бо ин ҷашни муқаддаси миллӣ табрик гуфт. Дар суханронии ӯ ҷойгоҳи Парчами давлатӣ дар раванди давлатсозӣ, эҳёи анъанаҳои миллӣ ва боло бурдани ифтихори ватандорӣ мавриди зикр қарор гирифт.
Дар оғози чорабинӣ омӯзгорону устодони Консерватория бо Сипосномаи Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касаба ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Баъди қисми расмии чорабинӣ, бахши консертии идона баргузор гардид. Донишҷӯёни Консерваторияи миллӣ бо иҷрои барномаҳои бадеӣ ва мусиқӣ ба ҳамоиш руҳияи идона бахшиданд. Иҷрокунандагон асосан аз синфҳои гуногуни бахшҳои созиву овозӣ буданд ва дар иҷрои худ маҳорати баланд, зебоӣ ва фарҳанги баланди саҳнаро намоиш доданд. Баромадҳо бо кафкӯбиҳои зиёд истиқбол ёфта, барои тамошобинон фазои гарму хотирмон ба вуҷуд оварданд.

