Консерти синфи дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон

Posted Sun, 01/25/2026 - 13:00
By admin
Консерти синфи

22.01.2026, соати 15-00 дар толори хурди Консерватория консерти синфии мусиқии скрипкаи омӯзгор Парманқулова Елена Абдукаримҷоновна ва омӯзгори калон Сангинов Маҳмуд Рауфович (кафедраи созҳои оркестрӣ) баргузор шуд. Дар консерти мазкур 10 асари бастакорони тоҷик, рус ва аврупоӣ, ба мисли Атоев М. “Рақс”, “Попури”-такмили Соҳибова П., Телеман Г.Ф. “Соната (ми-нор)”, Гендел Г. “Соната №6”, Бах. И.С. “Ре-минор” ва ғайраҳо дар иҷрои донишҷӯёи шуъбаи рӯзона, фосилавӣ ва ҳамчунин шунавандагони курси тайёрии кафедраи созҳои оркестрӣ бо маҳорати баланд иҷро карда шуд.