Шанбегии кормандони Консерватория
Дар асоси супориши Моқомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар робита ба иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳо, майдончаҳои варзишӣ, дохилу атрофи бинову иншоотҳо ва ташкилоту корхонаҳо, имрӯз дар назди бинои таълимӣ ва хобгоҳи донишҷӯёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов бо иштироки роҳбарият, омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни фориғ аз дарс шанбегӣ гузаронида шуд.
Дар шанбегӣ гирду атроф ва дохили биноҳо тозаву озода карда шуда, бехи дарахтон нарм карда шуд.