Комёбии эҷодии Консерваторияи миллии Тоҷикистон дар саҳнаи ҳунар
Аз 13 то 15 ноябри соли 2025 дар Ҷумҳурии Қазоқистон XXVII озмуни байналмилалии «Романсиада» баргузор гардид. Ин озмуни бонуфуз, ки мақсад аз он дарёфти истеъдодҳои ҷавон ва рушду густариши ҳунари сарояндагии академӣ дар миёни кишварҳои ҳамсоя мебошад, ҳамасола донишҷӯёни лаёқатманди кишварҳои Осиёи Марказӣ — Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистонро гирди ҳам меорад.
Дар озмуни имсола аз Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, и.в. дотсент Содиқ Нуруллоев, консертмейстер Раҳимова Буругутой ва донишҷӯи курси 3-юми факултети иҷрокунандагӣ (кафедраи сарояндагии академӣ) Чариев Сироҷиддин низ ширкат варзиданд. Чариев Сироҷиддин, ки ҳунару маҳорати баланди сарояндагиро ба намоиш гузошт, миёни иштирокчиёни синни 18-25 сола сазовори ҷойи сеюм гардида, ба унвони лауреати озмун мушарраф шуд. Ин дастоварди назаррас на танҳо муваффақияти шахсии донишҷӯ, балки нишондиҳандаи сатҳи баланди таълим, иҷрокунандагӣ ва иқтидори эҷодии Консерваторияи миллии Тоҷикистон мебошад.
Дар ҳайати ҳакамони озмун Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, и.в. дотсент Содиқ Нуруллоев, мудири кафедраи сарояндагии академии Консерваторияи миллӣ, ширкат варзид. Ҳузури намояндаи расмии Консерваторияи миллӣ дар ҳайати ҳакамон бозгӯи эътироф ва эътибори рӯзафзуни муассиса дар сатҳи байналмилалӣ мебошад.
Консертмейстери соҳибтаҷрибаи кафедра Раҳимова Буругутой, ки дар раванди омодасозии барномаи иҷрокунандагӣ саҳми арзанда гузоштааст, дар озмун фаъолона иштирок намуда, бо Сипосномаи озмун қадрдонӣ гардид.
Озмуни «Романсиада» на танҳо имконият барои муаррифии истеъдодҳои нав мебошад, балки ҳамчун майдони муҳимми фарҳангӣ барои тақвияти дӯстӣ ва робитаҳои ҳунарӣ миёни кишварҳо хизматмекунад. Иштироки Консерваторияи миллии Тоҷикистон дар чунин чорабинии муҳим ва ба даст овардани муваффақиятҳои назаррас собит месозад, ки Консерваторияи миллӣ дар пешбурди санъати касбии тоҷик, тарбияи истеъдодҳои ҷавон ва муаррифии фарҳанги мусиқии миллӣ дар арсаи байналмилалӣ нақши муҳим ва муассир дорад.
Бо бовар метавон гуфт, ки ҳузури шоистаи донишҷӯён ва устодони Консерваторияи миллӣ дар озмуни мазкур ба таҳкими ҳамкориҳои фарҳангии кишварҳои минтақа ва боло рафтани нуфузи мактаби мусиқии тоҷик дар ҷаҳон мусоидат менамояд.
Гузориши Л.Шарифзода
