Таҷлили Рӯзи Байналмилалии Шашмақом

Posted Fri, 05/10/2024 - 21:30
By admin

«Шашмақом – достони муҳташами савту калом аст, ки дар навоҳои он беҳтарин ва олитарин орзуву пиндорҳои неки аждодони мо таҷассум гардидаанд. Дар мусиқии Шашмақом намунаҳои маърифатангези назми оламшумули тоҷиқӣ бо лаҳни форам ба парвоз омада, руҳи мардуми маърифатпарвари моро болида месохтаанд».

Эмомалӣ Раҳмон

Ба ифтихори Рӯзи шашмақом, ки дар мамлакат ҳамасола 12 май гузаронида мешавад, имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов барномаи консертии “Силсилаи аслии “Мақоми сегоҳ”” дар услуби “Устод-шогирд” бо иштироки устодон ва шогирдон оғоз гардид.

Нахуст, ноиби ректор оид ба таълим Саъдулло Каримзода кулли ҳозиринро бо Рӯзи Шашамақом табрик намуда иброз дошт, ки шашмақом ганҷинаи бебаҳои миллати мо буда, шоҳасари мусиқии суннатии халқи тоҷик ба ҳисоб меравад ва он аз ҷониби ЮНЕСКО ҳамчун шоҳкории ғайримодии башарият пазируфта шудааст.

Дар қисмати аввали барномаи консертӣ Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, и.в. профессори кафедраи сарояндагии анъанавӣ Мастона Эргашева бо шогирдон Сарахбори Бузургро иҷро намуданд.

Дар қисмати дуввум, силсилаи бахши созӣ, қисмати мушкилот садо дод, ки роҳбарии онро омӯзгори калони кафедраи мутрибони анъанавӣ Орипов Солеҳ ба уҳда дошт.

Бояд қайд кард, ки дар идомаи барномаи консертии мазкур, ки рӯзи 11-уми май доир мегардад, силсилаи бахши овозӣ садо хоҳад дод.