Консерти ҳисоботии донишҷӯи олмонии Консерватория
29 майи соли 2024 дар толори калони Консерватория консерти донишҷӯи курси 2-юми шуъбаи сарояндагии академӣ Елена Штайгер (аз давлати Олмон), синфи омӯзгори калони кафедраи мазкур Шарофат Усмонзода баргузор гардид.
Дар консерт сурудҳо аз эҷодиёти композиторони рус ва хориҷӣ – С. Рахманинов, В.А. Мотсарт, И. Брамс ва Г. Гендел садо доданд.
Қобили тазаккур аст, ки Елена ҳамчунин ба забони тоҷикӣ низ сурудҳо сароида, суруди “Норак муборак”, оҳанги Я. Сазанов бар матни Б. Раҳимзодаро хеле моҳирона ва таъсирбахш иҷро намуд.
Дар омода намудани барномаи консертӣ ва дар сатҳи баланд доир гардидани он устоди Элена, сарояндаи шинохтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарофат Усмонзода саҳми муносиб гузоштааст.