Падидаи шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ хатаровар аст

Posted Sat, 05/24/2025 - 20:25
By admin

Дар охири асри XIX ва ибтидои асри XXI инсоният ба хатари ҷиддӣ мисли ифродгароӣ ва терроризм рӯ ба рӯ шуд, ки ин падидаи манфур ба бақои одаму олам таҳдид мекунад.

Албата, падидаи ифротгароӣ ва терроризм ҳодисаҳое мебошанд, ки инсониятро дар тамоми тули таърих ҳамроҳӣ намуданд. Решаҳои онҳо хеле чуқур мебошанд, ҳоло касе гуфта наметавонад, ки якумин амалиёти террористӣ кай, дар куҷо ва бо кадом мақсад сар задааст.

Дар аҳди қадим, асрҳои миёна ва давраи нав ҳам одамони алоҳида ва ҳам гурӯҳҳои муташаккили сиёсию мазҳабӣ буданд, ки ба воситаи тарсонидану даҳшатофаринӣ мехостанд мақсадҳои худро ба дигарон бор кунанд, зимнни ин одамони бегуноҳ қурбон мешуданд.

Дар охири асри гузашта ва ибтидои ҳазораи нав амалҳои ифротгароӣ ва террористӣ бештар характери сиёсӣ гирифтанд, доираи фаъолияти террористон хеле васеъ гардид. Бо инкишофи техника ва технологияи нав шаклу намудҳои нави террористӣ ба вуҷуд омаданд, ки аз рӯйи иқтидори харобиоварашон ба амалиёти калони ҷангӣ шабоҳат доранд.

Воқеан пешгири кардан ва ошкор кардани гурӯҳҳои ҷангхоҳ ба манфиати ҷомеа ва давлат буда, гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои терористию ифротгаро ба амнияти миллат ва суботи ҷомеа хатар дорад.

Терроризм ва ифрот зуҳуроти номатлуби қарни XIX буда, алайҳи он муборизаи беамон бурдан яке аз вазифаҳои шаҳрвандӣ ва инсонии мо меравад.

Имрӯзҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳои ҷаҳон садҳо тан ба ҷурми шомил шудан ба иттиҳоди ҷиноятӣ аз қабили ҳизбҳои ифротию гурӯҳҳои терористӣ дастгир ва бо моддаҳои гуногуни қонуни ҷиноӣ айбдор карда шуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар иҷлосияи сеюми фавқулодаи Созмони конфронси исломӣ, ки дар шаҳри Макка 7 декабри соли 2005 баргузор гашт, гуфта буд: «Террорист дар асли худ миллат, мазҳаб ва Ватан надорад ва душмани Худову бандагони ӯст. Ин гуна нерӯҳо аз номи ислом амал намуда, номи неки онро доғдор мекунанд ва манфиатҳои душманону бадхоҳони фарҳанги волои исломиро пиёда месозанд»

Масъалаҳое, ки имрӯз тамоми ҷаҳонро ба ташвиш овардааст ин шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ мебошад. Боиси таассуф аст, ки миёнашон бархе ҷавонони гумроҳи мо низ ҳастанд ва онҳо сар бардошта таҳти ливои сиёҳ хуни инсонҳои бегуноҳро мерезонанд.

Имрӯзҳо мо мушоҳида мекунем, ки аксарияти ҷавононе, ки ба ин равияҳои тундрав шомил мешаванд, аксар аз нодонӣ ва надонистани қимати вақт дар ҷавонӣ мераванд, ки оқибат ба ҷуз пушаймонӣ самари дигар надорад. Воқеан, бекорӣ ин нодонию худбехабарист. Ин ҷо мехоҳам шоҳбайтҳои устод Айниро мисол биорам, ки мефармоянд:

Биёед, эй рафиқон, дарс хонем,

Ба бекорию нодонӣ намонем.

Ба олам ҳар касе бекор гардад,

Ба чашми аҳли олам хор гардад.

Терроризм ва эктремизм ҳамчун вирусҳои компютерӣ дар шабакаи интернетӣ яке аз проблемаи асосӣ буда, ҷавононро ба ҳар гуна ваъдаҳои динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамояд. Ин ҳолат ҳушёрии моро бештар аз ҳар вақти дигар талаб менамояд.

Террористҳо гурӯҳҳои хурде буда, ба ҷомеаи имрӯза бо ҳар гуна роҳ зиён мерасонад. Имрӯзҳо дар саҳифаҳои гуногуни интернетӣ ғайри мавзуи асосӣ ба пайвастаи ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав равона шуда аст, ки ин яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад.

Дар фарҷом, аз ҷавонон даъват ба амал меоварем, ки нисбат ба ин гуна амалҳо бетараф набошанд ва кушиш намоянд, ки пешқадами ҷомеа дар ҷодаи нигоҳ доштани ахлоқу адаб ва ба даст овардани ҳушёриву зиракии сиёсӣ бошанд.

Масаидов Обидҷон – донишҷӯи курси дуюми факултети иҷрокунандагӣ