Шуъбаи коргузорӣ

Шуъбаи коргузорӣ

Шуъбаи коргузорӣ ҳамчун воҳиди мустақили сохтории Консерватория фаъолияти худро мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”, “Дар бораи маориф”, санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва фарҳанг, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру фармоишҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Оинномаи Консерватория ва Низомномаи шуъба ба роҳ мондааст.

Шуъбаи коргузорӣ ягона воҳиди масъули ташкили раванди ҳуҷҷатгузорӣ дар Консерватория буда, қоидаҳои ягонаи таҳия, барасмиятдарорӣ, истифодабарӣ ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳоро дар тамоми воҳидҳои сохторӣ ва зерсохторҳо таъмин менамояд. Аз рӯзҳои аввали таъсиси Консерватория шуъбаи мазкур фаъолият дошта, имрӯз бо такмилу мутобиқсозии равандҳо ба талаботи замон фаъолияти худро густариш медиҳад.

Мудири шуъбаи коргузорӣ Раҳимова Парвина Асоевна

Солҳои 2017-2020 дар факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил намудааст. 

Аз моҳи сентябри соли 2020 то имрӯз дар вазифаи мудири шуъбаи коргузории Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов фаъолият менамояд.