
Шуъбаи иттилоот
Шуъбаи иттилоот тибқи қарори ҷаласаи шурои олимони Консерваторияи миллӣ моҳи январи соли 2026 таъсис ёфтааст. Шуъбаи мазкур то таъсисёбӣ дар тобеияти Маркази иттилоот ва робитаҳои байналмилалии Консерватория қарор дошт.
Вазифаҳои шуъбаи иттилоот аз баррасӣ ва таҳлили ҳамарӯза ва фаврии иттилоот, ҷамъоварии маводи муҳим ва нав баҳри мукаммалгардонии тамоми бахшҳои фаъолияти Консерватория, назорат ва баррасии ҳамарӯзаи фаъолияти фарҳангии ҷумҳурӣ, таҳияи саривақтии эълонҳои баргузории чорабиниҳои Консерватория ва гузоштани онҳо дар сомона, таҳияи мактубҳои иттилоотӣ ба мақомоту муассисаҳои марбута баҳри иштирок дар чорабиниҳои сиёсию фарҳагии Консерватория ва сабту пахши пайвастаи онҳо иборат аст.
Мудири шуъба Шодиев Ҳайбатулло Абдуллоевич
Фаъолияти корӣ:
- Солҳои 1983–1991 – Таҳсил дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, факултети Забонҳои Осиё ва Аврупо.
- Солҳои 204–2013 – Корманди Маркази тадқиқоти стратеги назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Солҳои 2013–2015 – Корманди Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Солҳои 2015–2019 – Иҷрокунандаи вазифаи сардори шуъбаи иттилооти ҳуқуқӣ ва муратттабсозии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Солҳои 2020 –2025 – Мудири шуъбаи магистратура ва докторантура аз рӯйи ихтисоси (PhD) Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов.
- Аз январи соли 2026 то ҳол – Сардори шуъбаи иттилооти Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов.
Маълумот барои тамос:
Тел: (+992) 935910281, 007661007
Email:shis1965@mail.ru
Баҳронов Некрӯз Маҳмадазимович: Сармутахассиси шуъба
Солҳои 2011-2016 дар факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил намудааст.
Фаъолияти меҳнатӣ
- Солҳои 2016-2018 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 101- и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба ҳайси омӯзгор кор кардааст.
- Солҳои 2018-2020 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 32- и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба ҳайси омӯзгор ва Раиси созмони хонандагон ифои вазифа намудааст.
- Солҳои 2021-2024 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 124-и ноҳияи Рӯдакӣ фаъолият кард.
- Аз августи то октябри соли 2024 ба ҳайси мутахассиси Раёсати табъу нашри Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
- Аз октябри соли 2024 то декабри соли 2025 ба ҳайси мутахассиси пешбари Маркази иттилоот ва робитаҳои байналмилалии Консерваторияи миллӣ ифои вазифа намудааст.
- Аз январи соли 2026 то ҳол дар вазифаи сармутахассиси шуъбаи иттилооти Консерваторияи миллӣ фаъолият менамояд.
Эҷодиёт ва дастовардҳо
Солҳои 2016-2019 аспиранти Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Маълумот барои тамос:
- Тел: +992000093004
- Email: nekruz.bahromov.1993@gmail.com
