Созмони ҷавонони Консерватория

Шарифов Сайҷафар Бегович

Шарифов Сайҷафар Бегович

Раиси Созмони ҷавонон

Фаъолияти меҳнатӣ

2021–2026 - муаллим-иллюстратори факултети иҷрокунандагӣ, кафедраи созҳои халқии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов

Аз 01.09.2026 то ҳол – раиси Созмони ҷавонони Консерваторияи миллии Товикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов

Созмони ҷавонони Консервваторияи миллӣ

Самти кор боҷавонон дар сохтори Муассисаи давлатии «Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов» яке аз самтҳои муҳими татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон буда, фаъолияти худро ба рушди касбӣ, маънавӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва эҷодии донишҷӯён, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, масъулиятшиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ равона менамояд.

Самти кор бо ҷавонон дар тобеияти бевоситаи мудири шуъбаи корҳои тарбиявии Консерватория қарор дошта, фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо факултетҳо, сохторҳои донишҷӯён ва дигар воҳидҳои дахлдори муассиса амалӣ менамояд. Роҳбарӣ, ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти самти кор бо ҷавонон, фаъолияти масъулони ҷавонон дар факултетҳо, Шурои ҷавонони донишҷӯён, инчунин мундариҷа ва раванди корҳои ҷавонон дар факултетҳо, хобгоҳи донишҷӯён ва дигар сохторҳои дахлдори Консерватория аз ҷониби мудири шуъбаи корҳои тарбиявӣ дар доираи ваколатҳои муқарраргардида таъмин карда мешавад.

Самти мазкур ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии ҷавонон, дастгирии донишҷӯёни болаёқат ва ташаббускор, рушди фаъолияти илмӣ, фарҳангӣ, волонтёрӣ ва варзишӣ, ташкили озмунҳо, викторинаҳо ва чорабиниҳои зеҳнию фарҳангӣ, аз ҷумла озмуни «Донишҷӯи сол», фаъолият менамояд.

Ҳамзамон, самти кор бо ҷавонон барои иштироки фаъоли донишҷӯён дар ҳаёти ҷамъиятӣ, корҳои созандагиву ободонӣ, рушди тарзи ҳаёти солим ва таҳкими ҳамкории ҷавонон мусоидат менамояд. Бо ин мақсад, чорабиниҳои варзишӣ ва машқҳои пагоҳирӯзӣ, аз ҷумла ҳар рӯзи шанбе дар доираи «Рӯзи варзиш», ташкил ва баргузор карда мешаванд.

Самти кор бо ҷавонон фаъолияти худро дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, нақшаҳои фаъолияти Консерватория ва супоришҳои роҳбарияти муассиса амалӣ менамояд.