Раёсати таълим

Cардори Раёсати таълим: Қурбонов Оятулло Баракатуллоевич

Кор ва фаъолияти собиқа

  • Солҳои 2016-2017 Омўзгори фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №12, шаҳри Душанбе
  • Солҳои 2017-2018 Омўзгори кафедраи забонҳои Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов
  • Солҳои 2018-2020 Мудири  кафедраи забонҳои Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов
  • Солҳои 2020-2025 Сармутахассиси раёсати таълими Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов
  • Аз 01 сентябри 2025 то ҳол Сардори раёсати таълими Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов
  • Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон
  • Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тел: 2270712. 985365952
Email: oyatullohqurbonov124@gmail.ru


Раёсати таълим ва вазифаҳои он

Таълим - ин раванди мақсаднок ва муташаккили омӯзонидану омӯзиш мебошад, ки дар он дониш, малака ва ҷаҳонбинӣ аз омӯзгор ба донишомӯз интиқол дода мешавад. Дар низоми мактаби олӣ таълим яке аз принсипҳои асосӣ ба шумор рафта, дар замина шогирдон дар равияҳои махсус омода карда мешаванд. Муассисаи давлатии «Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов» зодаи замони соҳибистиқлолии мамлакат буда, соли 2003 бо қарори Ҳукумати Ҷумуҳрии Тоҷикистон таъсис дода шуда, то ҳол шогирдони зиёдеро дар ҷодаи санъати мусиқии касбӣ омода карда истодааст. Аз рӯзи таъсисёбии муассиса дар назди он қисми таълим ташкил карда шуд, ки вазифаҳои асосии он аз:

-    ташкили раванди таълим; 
-    таҳия ва тасдиқи нақшаҳои таълимӣ;
-    омода кардани ҷадвали дарсҳо;
-    назорати иҷрои барномаҳои таълимӣ;
-    танзими раванди таълим;
-    санҷиши сатҳи дониш (имтиҳон, тест, рейтинг);
-    назорати иштироки донишҷӯён ба дарсҳо;
-    таҳлили натиҷаҳои сессияҳо;
-    мониторинги сифати таҳсилот ва ғайраҳо иборат мебошад.

Ҳуҷҷатгузорӣ ва ҳисоботдиҳӣ:

-    тартиб додани ҳисоботи семестрӣ ва солона;
-    пешниҳоди маълумот ба роҳбарияти донишгоҳ;
-    омода кардани маълумот барои вазорат.

Ҳамоҳангсозӣ бо факултет ва кафедраҳо:

-    назорати иҷрои нақшаҳои таълимӣ;
-    ташкили аттестатсияи хатми хатмкунандагон ва сессияҳо;
-    баррасии масъалаҳои таълимӣ дар шурои олимон ва шурои илмӣ-методӣ.

Нақши раёсати таълим:

Раёсати таълим «Маркази идоракунии таълим» дар муассиса мебошад. Бе фаъолияти он раванди дарс, имтиҳон, хатм ва додани диплом ба таври низомнок амалӣ шуда наметавонад. 

Роҳбарияти раёсат дар солҳои гуногун:

Дар давраҳои мухталиф вазифаи раёсати таълимро устодони зерин ба уҳда доштанд:

  • 2003–2014 Келинбетова Гулсанам Пирмановна (мудири кисми таълим);
  • 2014-2015 Назокати Абдулазиз (мудири қисми таълим);
  • 2016-2017 Маҳмудӣ Аброр Дадахонзод (мудири қисми таълим);
  • 2018-2025 Мирзоев Воҳид Маҷидович (сардори раёсати таълим);
  • 2025 то ҳол Қурбонов Оятулло Баракатуллоевич (сардори раёсати таълим).