Эълон!

Posted Sat, 28/03/2026 - 22:52
By admin
конференсия

Ба таваҷҷуҳи олимон, пажӯҳишгарон, донишомӯзон ва алоқамандони  санъати мусиқии тоҷик расонида мешавад, ки санаи 20 апрели соли 2026, соати 10:00 дар Консерваторияи  миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов  конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявии ҳайати устодону кормандон, донишҷӯён, магистрантон, унвонҷӯён ва докторантони фалсафа (PhD) бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Истиқлоли давлатӣ ва рушди санъати мусиқии тоҷик:
масъалаҳои эҷодӣ, илмӣ ва таълимӣ-пажӯҳишӣ дар мактаби олии
мусиқӣ» баргузор мегардад.

Мақсади конференсия: таҳлил ва баррасии масъалаҳои гуногуни вазъ ва дурнамои омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи мусиқӣ, инчунин мубодилаи таҷрибаҳои илмӣ ва эҷодӣ дар заминаи рушди санъати мусиқии анъанавӣ ва академӣ дар давраи  соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Мақолаҳои илмӣ то 10-уми апрели соли 2026 тавассути почтаи электронӣ
sharifzodal@mail.ru ва дар суроғаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734003, шаҳри
Душанбе, кӯчаи Ш. Ҳусейнзода 155, бинои таълимии Консерваторияи миллӣ, ошёнаи 3, утоқи №53 қабул карда мешаванд.

Тамоми алоқамандонро ба конференсияи илмӣ-назариявии мазкур даъват менамоем.

Маълумоти бештар оид ба муҳтавои конференсия ва талаботи иштирок дар он дар Мактуби иттилоотӣ.

Мактуби иттилоотӣ