Шурои олимони Консерваторияи миллӣ

Шурои олимон мақоми машваратӣ ва идоракунии коллективии Консерваторияи миллӣ буда, бо мақсади баррасӣ ва ҳаллу фасли саривақтии масъалаҳои асосии фаъолияти муассиса таъсис дода шудааст.

Фаъолияти Шуро ба таъмини рушди устувори раванди таҳсилот, такмили корҳои тарбиявӣ, густариши корҳои илмию таҳқиқотӣ, пешбурди корҳои созандагӣ, таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ ва самаранокии фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ ва илмию эҷодӣ равона мегардад.

Асосҳои ҳуқуқӣ

Шурои олимон дар фаъолияти худ санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро роҳнамоӣ менамояд, аз ҷумла:

  • Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ»;
  • Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • қарорҳои ҳайати мушовара ва фармоишҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Оинномаи Консерваторияи миллӣ;
  • дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда;
  • инчунин Низомномаи Шурои олимони муассиса.
  • Низомномаи амалкунандаи Шурои олимон дар асоси Низомномаи намунавии шурои олимони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2023, №3/3 тасдиқ шудааст, таҳия гардидааст.

Самтҳои асосии фаъолият
Шурои олимон масъалаҳои зеринро баррасӣ менамояд:

  • такмили сиёсати таълимӣ ва барномаҳои таҳсилот;
  • натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва таҳқиқотӣ;
  • масъалаҳои баланд бардоштани сифати таълим ва тарбия;
  • баррасии нақшаҳои стратегӣ ва барномаҳои рушди муассиса;
  • густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ;
  • масъалаҳои кадрӣ, молиявӣ ва хоҷагидорӣ;
  • дигар масъалаҳои муҳими фаъолияти Консерватория.

Қарорҳои Шуро пас аз муҳокимаи дастаҷамъона қабул гардида, барои иҷро ба воҳидҳои сохтории дахлдор ирсол мешаванд.

Принсипҳои фаъолият ва таркиб

Шурои олимон фаъолияти худро дар асоси принсипҳои ошкорбаёнӣ, қонуният, муҳокимаи дастаҷамъона ва қабули қарорҳои коллегиалӣ ба роҳ мемонад.
Айни ҳол Шурои олимон аз 25 нафар аъзо иборат мебошад, ки узви Шуро дар асоси меъёрҳои намояндагӣ аз воҳидҳои сохторӣ (квотаҳо) ва бо тартиби интихобот аз ҷониби ҷаласаи васеи кормандони Консерваторияи миллӣ муайян карда мешавад.

Ин усули ташаккул имконият медиҳад, ки манфиат ва пешниҳодҳои ҳамаи сохторҳои асосии муассиса ба инобат гирифта шуда, қарорҳо дар асоси муҳокимаи васеъ ва касбӣ қабул гарданд.

Ҳамин тавр, Шурои олимон ҳамчун мақоми муҳимми идоракунии дохилии Консерваторияи миллӣ дар таъмини самаранокии фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва ташкилии муассиса нақши калидӣ мебозад. Бо такя ба принсипҳои демократӣ ва заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ, Шуро ба рушди босубот ва баланд бардоштани нуфузи муассиса дар фазои миллӣ ва байналмилалӣ мусоидат менамояд.