Таҷлили Рӯзи дониш дар Консерваторияи миллӣ ба номи Талабхӯҷа Сатторов

Posted Sat, 08/30/2025 - 16:06
By admin

Ҳамасола дар кишвари биҳиштосоямон Рӯзи дониш бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардида, дар тамоми муассисаҳои таълимии миёнаву олии ҷумҳурӣ дарси сулҳ гузаронида мешавад. Ин санаи муборак, ки оғози соли нави таҳсилро ифодагар аст, бо суханрониҳои пурмазмун ва таъкидҳои Пешвои муаззами миллат барои ҷавонон, устодон ва аҳли ҷомеа арзиши таърихӣ ва тарбиявӣ дорад.

Санаи 30 августи соли 2025, ба муносибати ин рӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар он тамоми устодону донишҷӯёни муассиса дар толори калони консертӣ сарҷамъ омада, пахши мустақими суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тариқи телевизион тамошо намуданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ суханони пурмазмуни Пешвои миллат, ки ба сифати дарси сулҳ ироа гардид, мавриди таваҷҷуҳи амиқ қарор гирифт.

Иштирокдорони ҷамъомад — устодон, донишҷӯён ва кормандони Консерватория аз шунидани суханони Пешвои миллат рӯҳбаланд гардида, таъкид карданд, ки ҳар як нуктаи гуфтаи Сарвари давлат ҳамчун барномаи амал барои рушди минбаъдаи илму фарҳанг, ҳифзи сулҳу субот ва таҳкими худшиносии миллӣ хизмат мекунад.

Дар анҷоми чорабинӣ роҳбарияти Консерватория изҳори итминон намуданд, ки аҳли коллективи эҷодиву илмии муассиса суханони Пешвои миллатро роҳнамо қарор дода, барои таҳкими санъати миллӣ, парвариши насли нав ва баланд бардоштани обрӯву нуфузи фарҳанги тоҷик дар арсаи байналмилалӣ саъйи бештар хоҳанд кард.

Таҷлили Рӯзи дониш дар Консерваторияи миллӣ ба номи Талабхӯҷа Сатторов ба як рӯйдоди хотирмон мубаддал гашт, ки аҳли устодону донишҷӯёнро бо рӯҳияи ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ба соли нави таҳсил ворид сохт.