Конференсияи илмӣ-назарӣ бахшида ба Рӯзи Илми Тоҷик
Имрӯз бо ибтикори кафедраи забонҳо дар синфхонаи лингафонии №5-и Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов бахшида ба «Рӯзи илми тоҷик» конференсияи илмӣ-назарӣ зери унвони «Илм нури чашм асту ғизои хирад» баргузор гардид.
Конференсияро ноиби ректор оид ба илм д.и.п., профессор Диловар Латифзода ифтитоҳ намуда, аҳаммияти баргузор кардани чунин ҳамоишро муҳим арзёбӣ намуд. Баъдисухани ифтитоҳӣ устодони кафедраи забонҳо маърузаҳои худро бо навбат қироат намуданд. Аз ҷумла н.и.ф., омӯзгори калон Л.Шарифзода дар мавзуи «Адабиёт – виҷдони бедори худшиносии миллӣ», О.Қурбонов дар мавзуи «Тобишҳои маъноии вожаи дил дар ашъори Рустам Ваҳҳобзода», З. Абдулҳаев дар мавзуи «Рӯзгор ва осори С.Айнӣ дар тазкираҳо»,н.и.ф., омӯзгори калон Р.Ҷӯраева дар мавзуи «Идея патриотизма в таджикской лингвокультуре»,З.Аҳророва дар мавзуи «Русский язык в современном искусстве» ва дигарон ироа намуданд.
Пас аз баромади устодон музокира сурат гирифта, магистрантон Мадина Раҳимзода, Шарифи Ашӯр, Муҳаммад Каримов изҳори назар намуданд ва ба маърузачиён саволҳои ҷолиб доданд. Дар охир раиси конференсия Л. Шарифзода ба саволҳои иштирокчиён ҷавобҳои мушаххас дода, ба ҳамаи ширкатдорон барои иштирок дар конференсия изҳори сипос намуд. Конференсия хубу хотирмон гузашт.