Ҳафтаи Илм: Кафедраи созҳои халқӣ
Кафедраи созҳои халқӣ дар бахши чоруми барномаи конференсия ҷой гирифта, профессорону омӯзгорони кафедра машварати методӣ доир намуданд.
Ҷамъомади мазкур зери роҳбарии профессор Қурбони Қурбониён гузаронида шуда, устодони кафедра - Аброр Маҳмудӣ, Қурбонали Ёқубов ва Абдураҳмон Матхолов дар мавзуъҳои зерин баромад намуданд:
- Таҳлили муқоисавии таълими дутор дар тахассусҳои созҳои халқӣ ва мутрибони анъанавӣ;
- Методикаи омӯзиши мусиқии суннатӣ дар созҳои мизробӣ;
- Машқи мушакҳои лаб ва даҳон ҳангоми найнавозӣ;
- Сатҳи навозандагии сози рубоб дар кафедраи созҳои халқӣ.
Маърӯзаҳои пешниҳодшуда ба масъалаҳои мубрами таълими созҳои халқӣ дар мактабҳои мусиқӣ ва коллеҷу муассисаҳои олӣ нигаронида шуда, аз ҷониби иштирокчиён муҳокима гардиданд.