Вохӯрӣ бо намояндагони Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии Тоҷикистон
Санаи 24.10.2024 дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов вохӯрии намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бо устодон, донишҷӯён ва кормандон доир гардид. Мавзуъ ва муҳтавои ин вохурӣ “ Ифротгароӣ дар байни ҷавонон ва роҳҳои пешгирии он” буд.
Сараввал ноиби ректор оид ба таълим Каримзода С. С. намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллиро ба ҳозирин шинос намуда, ҷаласаро оғоз кард. Зикр гардид, ки намояндагони Кумита бо Консерватория ҳамкории зич дошта, пайваста ҷунин вохӯриҳо доир менамоянд ва ин гуна вохӯриҳо барои донишҷӯён ва омӯзгорон аҳаммияти калони сиёсӣ-тарбиявӣ доранд. Сипас, сухан ба мутахассиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дода шуд.
Сухангӯ қайд кард, ки мақсади асосии баргузории чунин вохӯриву ҳамоишҳо ин пешгирӣ аз ҳолатҳои номатлуб, шомилшавии шаҳрвандон ва хоссатан ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ дошта ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон таъкид намуд, ки дар роҳи ба даст овардани сулҳу субот дар кишвар ва Истиқлоли давлатӣ нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят муҳим буда, зикр карданд, ки ҳифз ва нигаҳдории амнияти миллӣ вазифаи ҳар як фарди худогоҳу ватандӯст мебошад.
Айни ҳол ҷомеаи ҷаҳонӣ дар давраи ҳассос қарор дошта, ба амнияти давлатҳо ҳар лаҳза хатарҳои гуногун таҳдид мекунанд. Хоссатан, таъсири шабакаҳои интернетӣ ва нақши онро дар мушкилоти ба миёномада муҳим арзёбӣ карда, аз он ёдовар шуданд, ки аъзоёни ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ тавассути шабакаҳои интернетӣ ба иғвоангезӣ миёни мардум машғул буда, барои ноором сохтани вазъи сиёсӣ ва гумроҳ сохтани мардум кӯшишҳои зиёд менамоянд.
Дар замони муосир шомилгардидани ҷавононро ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни экстримистиву террористӣ мушкилоти асосӣ ва нигораникунандаи ҷомеаи имрӯза номида, яке аз омилҳои асосии онро истифодаи нодурусти шабакаҳои интернетӣ номиданд. Инчунин қайд карда шуд, ки мутаасифона дар байни хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёна ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ нафароне пайдо мешаванд, ки ҳушёриро аз даст дода, ба осонӣ ба доми чунин фиребгарон афтидаву атрофиёни худро низ ба дом мекашанд.
Бинобар ин, раёсати таълимгоҳ вазифадор карда шуд, ки дар байни ҷавонон, махсусан донишҷӯён корҳо ҷиҳати баланд бардоштани фарҳанги сиёсии онҳо ҷоннок карда шуда, аз кулли ҷавонон хоҳиш карда шуд, ки ҳушёриву зиракиро аз даст надода, хуб таҳсил намудаву дар рушди давлати хеш саҳмгузор бошанд.