Ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон

Достизода МиралӣДостизода Миралӣ (Достиев Миралӣ Гургакович) 15 октябри соли 1958 дар деҳаи Гулободи ноҳияи Москваи вилояти Кулоб (ҳозира ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон) таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, соли 1975 мактаби миёнаи № 8-и деҳаи номбурдаро хатм намудааст. Ӯ соли 1976 ба Донишкадаи давлатии санъати ба номи Мирзо Турсунзода дохил шуда, онро соли 1981 бо тахассуси овозхони академӣ (опера) хатм намуд ва моҳи майи ҳамон сол ба фаъолияти касбии хеш дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ оғоз бахшид. Бо даъвати ҳукумати ноҳияи Совет (Ҳозира Теамурмалик) аз соли 1981 то соли 1985 ба ҳайси директори хонаи маданият ва мудири шуъбаи маданияти ноҳия фаъолият намудааст. Ӯ дар ин давра бисёр хизматҳои шоёнеро ба ҷо оварда, обрӯи санъати ноҳияро дар ҷумҳурӣ ва берун аз он дар тамоми қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ баланд бардоштааст.

Соли 1985 бо даъвати Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ, муҳтарам Мирзошоев Султон Шарипович аз нав ба Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ ба ҳайси овозхони опера ба кор даъват карда мешавад. Ӯ дар як муддати кӯтоҳ бо меҳнату заҳмат ва фаъолияти баланди эҷодиаш дар байни аҳли коллективи театр ва фарҳанги ҷумҳурӣ обрӯи баланд пайдо мекунад. Фаъолияти меҳнатӣ: Аз моҳи июли соли 2002 то моҳи декабри соли 2006 директори Муассисаи давлатии «Театри давлатии академии опера ва балети баноми С. Айнӣ». Аз моҳи декабри соли 2006 то моҳи декабри соли 2013 муовини аввали Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аз моҳи декабри соли 2013 то моҳи октябри соли 2015 дубора ба ҳайси директори Муассисаи давлатии «Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ» таъин гардид. Аз моҳи октябри соли 2015 то 14 феврали соли 2020 вакили мардумӣ дар Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аз 14 феврали соли 2020 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон таъин гардид.

Дар давоми қариб 40 соли кору эҷод М.Достиев дар зиёда аз 50 асарҳои классикони ҷаҳонӣ, композиторони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва оҳангсозони тоҷик нақшҳо офаридааст. Валентин (дар операи «Фауст»-и Ш.Гуно), ДонЖуан (дар операи Дон Жуан-и В.Моцарт), Фигаро (дар операи мазҳакавии «Сартароши Севили»-и Ҷ.Россини), Онегин, Елеский, Роберт (дар операҳои «Евгений Онегин», «Моткаи қарамашшоқ» (Пиковая дама) ва «Иоланта»-и П.И. Чайковский), Мистер Икс ( дар мазҳакаи классикии «Маликаи сирк»-и И. Калман), Силвио (дар операи «Ширинкорон»-и Р.Леонкавалло), Амир Наср ( дар операи «Рудакӣ»-и Сафиддинов), Кумар (дар операи «Посбони оташ»-и Т. Шаҳидӣ), сарлашкар Мансур (дар операи «Комде ва Мадан»-и 3.Шахидӣ), Исмоил ( дар операи Амир Исмоил»-и Т. Шаҳидӣ), Рустам (дар операи «Рустам ва Суҳроб»-и Т. Шаҳидӣ), Шоҳ Маъмун ( дар операи «Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино»-и М. Бафоев) беҳтарин намунаҳо аз нақшҳои офаридаи у маҳсуб меёбанд. М. Достиев дар хайати дастаҳои ҳунарӣ ҷихати иштирок дар Рузҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва озмуну фестивалҳои байналмилалӣ ба бисёр кишварҳои ҷахон-Россия, Белоруссия, Украина, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон, Хитой, Кореяи Шимолӣ, Кореяи Ҷанубӣ, Фаронса, Олмон, Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Аморати араб, Арабистони саудӣ,Қатар, Баҳрайн сафарҳои ҳунарӣ анҷом дода, ҳамчун яке аз чеҳрахои дурахшони санъати тоҷик, санъати мусиқии касбии миллиро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудааст.

Дар давоми қариб 40 соли кору эҷод М. Достиев дар зиёда аз 50 асарҳои классикони ҷаҳонӣ, композиторони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва оҳангсозони тоҷик нақшҳо офаридааст. Валентин (дар операи «Фауст»-и Ш. Гуно), Дон Жуан (дар операи “Дон Жуан”-и В.Моцарт), Фигаро (дар операи мазҳакавии «Сартароши Севили»-и Ҷ. Россини), Онегин, Елеский, Роберт (дар операҳои «Евгений Онегин», «Моткаи қарамашшоқ» (Пиковая дама) ва «Иоланта»-и П.И. Чайковский), Мистер Икс (дар мазҳакаи классикии «Маликаи сирк»-и И. Калман), Силвио (дар операи «Ширинкорон»-и Р. Леонкавалло), Амир Наср (дар операи «Рудакӣ»-и Ш. Сайфиддинов), Кумар (дар операи «Посбони оташ»-и Т. Шаҳидӣ), сарлашкар Мансур (дар операи «Комде ва Мадан»-и 3. Шахидӣ), Исмоил ( дар операи “Амир Исмоил”-и Т. Шаҳидӣ), Рустам (дар операи «Рустам ва Сӯҳроб»-и Т. Шаҳидӣ), Шоҳ Маъмун (дар операи «Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино»-и М. Бафоев) беҳтарин намунаҳо аз нақшҳои офаридаи ӯ маҳсуб меёбанд. М. Достиев дар хайати дастаҳои ҳунарӣ ҷихати иштирок дар Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва озмуну фестивалҳои байналмилалӣ ба бисёр кишварҳои ҷахон - Россия, Беларус, Украина, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон, Хитой, Кореяи Шимолӣ, Кореяи Ҷанубӣ, Фаронса, Олмон, Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Аморати араб, Арабистони Саудӣ, Қатар, Баҳрайн сафарҳои ҳунарӣ анҷом дода, ҳамчун яке аз чеҳраҳои дурахшони санъати тоҷик, санъати мусиқии касбии миллиро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудааст.

Яке аз заминаҳои боэътимоди муваффақиятҳои эҷодии ӯ ҳамкориҳои доимияш бо оҳангсозони тоҷик, аз қабили Абдуфаттоҳ Одниаев, Дамир Дустмуҳаммадов, Шарофиддин Сайфиддинов, Аъзам Солеҳов, Толиб Шаҳидӣ ба шумор меравад. Бахусус М. Достиев аксар сурудхояшро аз руйи асархои офаридаи оҳангсози машҳури тоҷик Талабхуҷа Сатторов сароида, хазинаи эҷодияшро дар заминаи робитаи қавӣ бо ӯ бою ғанӣ гардонидааст. Дар баробари ҳамкориҳои эҷодӣ бо оҳангсозон тайи солҳои охир М. Достиев худ чандин таронаҳоии ватандӯстию ватанпарвариро ба оҳанг дароварда, бо офаридахои тозаи хеш дар дили мухлисонаш қавитар ҷой гирифт. Ҳамчунин, ӯ дар самти аз нав эҳё намудани сурудҳои гузаштаи миллӣ бо ҳамовозии оркестри симфонӣ саҳми босазо гузоштааст. Мутахассисони соҳаи мусиқии касбӣ, ҳамкасбон ва мухлисони М. Достиев асоси комёбиҳои ҳунарӣ ва ба куллаҳои баланди сарояндагӣ расидани ӯро сараввал дар овози ширину ҷаззоб ва лаппиши овози (тембри) махсусан хоси гуруҳи овозҳои баритони лирикӣ, баъдан дар симову нигоҳҳои самимию дилкаши у арзёбӣ мекунанд. Яъне, овози М. Достиев дар ҳамаи пардаҳо якхела садо медиҳад ва барои ба зудӣ равшан кардани мақсади оҳангсоз хеле мувофиқ мебошад.

Хизматҳои пурарзиши М.Достиев дар рушду такомули санъати касбии мусиқии тоҷик бо унвонҳои фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (соли 1997), Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2000), Ҳунарпешаихалқии Ҷумҳурии Тоҷӣкистон (соли 2003), Ордени «Дӯстӣ» (соли 2005), Медали ҷашни 20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2011) ва барои силсилаи сурудҳои ватанпарваронаи «Меҳроби меҳрам» соли 2010 ба Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллои Рӯдакӣ қадр гардонида шудаанд ва ӯ бо дастовардхои хеш соҳиби як қатор мукофотҳо дар озмунҳои Ҷумҳуриявию байналмилалӣ гаштааст. Оиладор сохиби 4 фарзанд мебошад.