Консерти ҷашнӣ бахшида ба 85-солагии Иттифоқи композиторони Тоҷикистон

Дирӯз, 18 сентябри соли 2025, дар толори калони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов барномаи консертӣ аз асарҳои композиторони Тоқикистон, бо иштироки Оркестри кӯдакон ва наврасони МД “Оркестри давлатии симфонӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Рушди мусиқии тоҷик дар даврони Истиқлол» баргузор гардид.
Чорабинӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 85-солагии Иттифоқи композиторони Тоҷикистон бахшида шуда, бо иштироки васеи намояндагони фарҳанг, олимон ва ҳунармандони маъруф баргузор гардид.