ЭЪЛОН!!! Панҷумин симпозиуми байналмилалии Фалак

Posted Tue, 10/14/2025 - 15:04
By admin
Фалак

Панҷумин симпозиуми байналмилалии Фалак дар мавзуи

«Фалак ва Истиқлоли давлатӣ: аз эҳё то эътирофи ҷаҳонӣ»

Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов бо камоли ифтихор эълон менамояд, ки Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии рушди санъати Шашмақом, Фалак ва мактаби суннатии «устод-шогирд» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» рӯзҳои 15-16-уми октябри соли 2025 панҷумин симпозиуми байналмилалии Фалак дар мавзуи «Фалак ва Истиқлоли давлатӣ: аз эҳё то эътирофи ҷаҳонӣ»-ро баргузор менамояд. Олимону муҳаққиқон, устодону донишҷӯён ва дӯстдорони мусиқии миллии тоҷикӣ – Фалакро барои иштирок дар ин ҳамоиши муҳимми илмӣ-фарҳангӣ даъват менамоем.

МУШАХХАСОТИ ЧОРАБИНӢ

· Сана:чоршанбе, 15-уми октябри соли 2025, Симпозиуми байналмилалӣ;

· Сабти ном: 8:00;

· Оғози ҷаласаи ифтитоҳӣ:Соати 10:00;

· Макон:МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ «КИТОБХОНАИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН» (ш. Душанбе, кӯчаи Теҳрон-5);

· Шоми фалакхонӣ: 15-уми октябри соли 2025, соати 17:00, толори калони Консерваторияи миллӣ;

· 16-уми октябри соли 2025, соати 17:00 - ФЕСТИВАЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ФАЛАК-2025, Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ.

Ҳадафи асосӣ: Ҷамъ овардани муҳаққиқон, санъатшиносон, устодони мусиқӣ, ҳунармандон ва фарҳангшиносон барои таҳлили амиқи мақоми Фалак дар даврони Истиқлол, нақши он дар фарҳанги ҷаҳонӣ ва дурнамои рушди мактаби суннатии он.