Таҷлили «Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ» дар Консерватория
Имрӯз (26.09.2024) дар толори хурди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов бо иштироки омӯзгорону донишҷӯён «Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ» дар доираи соати тарбиявӣ барпо гардид.
Маврид ба зикр аст, ки таҷлили рӯзҳои бузургдошти шоирону нависандагон ва чеҳраҳои шинохтаи миллати тоҷик аз шумори анъанаҳои неки даврони Истиқлол буда, барои шинохти рӯзгору осори ин чеҳраҳои бузурги илму адаби тоҷик тадбири муҳим ба шумор меравад. Бинобар ин, дар Консерватория бо ибтикори кафедраи забонҳо пайваста рӯзҳои бузургдошти шоирону нависандангон ва чеҳраҳои мондагори миллати тоҷик таҷлил мегардад.
Бо ҳамин мақсад «Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ», ки ҳамасола дар моҳи сентябр барпо мегардад, дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов гузаронида шуд.
Дар чорабини мазкур омӯзгори калони кафедра, сармутахассиси раёсати таълим Қурбонов О.Б. ва н.и.ф., омӯзгори калон Шарифзода Л.А. дар бораи рӯзгор ва осори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ибрози назар намуда, 23 нафар донишҷӯ аз курсҳои якуми факултетҳои мусиқии суннатии тоҷик, иҷрокунандагӣ ва санъати мусиқии эстрадӣ аз ашъори шоир шеърҳо қироат намуданд. Инчунин, донишҷӯён тарҷумаи шеърҳои шоирро бо забони русӣ қироат намуданд.
Дар чорабини мазкур аз ҷониби мудири китобхонаи Консерватория Гулчеҳра Раҳмонова намоиши китобҳои Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ва асарҳои доир ба ӯ низ ба ба маърази тамошо гузошта шуд.
Бояд қайд намуд, ки китобхонаи Консерватория дар ҳамаи чорабиниҳои Консерватория пайваста чунин намоишҳоро ба роҳ мемонад, ки барои ҷалби донишҷӯён ба китобхонию китобдӯстӣ таъсири хуб мерасонад.