Табрикоти ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов бахшида ба рӯзи таъсисёбии ин боргоҳи илму ҳунар
Соли 2003 дар ҳаёти илмиву ҳунарии Тоҷикистон рӯйдоди бузурге ба амал омад – Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов таъсис ёфт. Таъсис ёфтани ин боргоҳи илму ҳунар бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дорад. Махсусан, бо мақоми миллӣ таъсис ёфтани ин боргоҳ дар замони Истиқлол ба ин ҳукми мо гувоҳ аст.
Соли 2008 барои абадӣ гардонидани хотираи композитори маъруфи тоҷик, аввалин ректори Консерватория Талабхӯҷа Сатторов, Консерваторияи миллии Тоҷикистон бо номи Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов номгузорӣ шуд.
Имрӯз дар Консерватория қариб тамоми ходимони санъати ҷумҳурӣ, ки дорои унвонҳои фахрии давлатӣ – Арбобони ҳунарии Тоҷикистон, Ҳофизони халқии Тоҷикистон, кормандони шоистаи ҷумҳурӣ ва намзадону докторони илм ба муҳассилин дарс мегӯянд.
Мавриди зикр аст, ки дар таъсиси ин боргоҳ нақшу талоши композитори маъруфи тоҷик Талабхӯҷа Сатторов чашмрас мебошад. Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ҳамчун муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ягона мактаби олиест, ки дар Тоҷикистон мутахассисони соҳаи санъати мусиқии касбиро тарбия менамояд. Дар тӯли фаъолияти хеш Консерватория барои муассисаҳои санъат ва фарҳанг, таълимгоҳҳои ибтидоӣ, миёна ва олии касбии мусиқии ҷумҳурӣ қариб 900 нафар мутахассисони соҳибкасбро омода намуда, имрӯз барои пешрафти фарҳанги мусиқии касбӣ ва таъмини коллективҳои касбии эҷодӣ бо кадрҳо саҳми арзандаи хешро гузошта истодааст.
Имрӯз дар Консерватория бо мақсади дар сатҳи сифатан нав тайёр кардани мутахассисони касбӣ барои коллективҳои касбии мусиқии ҷумҳурӣ ва муассисаҳои таълимии соҳа сохторҳои асосии таълимӣ-эҷодии консерватория – оркестри симфонӣ, оркестри созҳои халқӣ студияи операвӣ, ансамбли мақомхонон, ансамбли фалакхонон, оркестри эстрадӣ таъсис дода шудаанд, ки барои омӯзгорон ва донишҷӯён як навъ лаборатория (озмоишгоҳ)-и махсуси эҷодӣ ба ҳисоб мераванд. Дар ин сохторҳои таълимӣ-эҷодӣ донишҷӯён донишҳои амалии хешро пурра намуда, маҳорату малакаҳои касбиашонро тавассути баргузории дарсҳои кушод, дарсҳои маҳорат, консертҳои синфӣ, усули таълими устод-шогирд, сайқал медиҳанд.
Қайд кардан зарур аст, ки Консерваторияи миллии Тоҷикистон бо 15 консерваторияҳои давлатҳои шартномаҳои ҳамкорӣ дорад. Имрӯз шаҳрвандони зиёде аз кишварҳои хориҷ дар Консерватория таҳсил доранд.
Бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди жанрҳои маъмулу машҳури санъати касбии халқи тоҷик – Шашмақом ва Фалак фармонҳои махсус ба имзо расида аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шудааст, ки дар ин замина дар Консерватория факултети махсус – мусиқии суннатии тоҷик фаъолият намуда, инчунин корҳои илмию таҳқиқотӣ дар ин самт роҳандозӣ гардидаанд.
Бо ин ҳама бори дигар 20-солагии таъсисёбии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторовро ба профессорону омӯзгорон ва муҳассилин, кулли ҳамватанон, аз ҷумла аҳли эҷод табрик мегӯем ва орзуманди он ҳастем, ки ин даргоҳи ҳунар бо камоли ояндаи худ садсолаҳо барои миллату давлат ва мусиқии оламгири тоҷик хидматҳои шоиста анҷом диҳад.
Бо эҳтиром, ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов профессор М. Достизода