Барномаи Консертӣ ва рӯнамоии дастури таълимии нотавӣ

Posted Tue, 04/08/2025 - 20:53
By admin

Имрӯз дар толори калони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов консерт-рӯнамоии маҷмуаи "Ансамблҳои фортепианоии бачагона бо савту навоҳои тоҷикӣ"-и магистранти соли дуюм Фирӯза Қосимова ва роҳбари оркестри эстрадии Консерватория Ҷӯрабек Умаров баргузор гардид.

Дар оғози консерт, ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов номзади илмҳои санъатшиносӣ, дотсент Давлатзода Баҳодур Давлат, устодони санъат доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Фароғат Азизӣ, доктори илмҳои санъатшиносӣ Аслиддин Низомов ва дотсенти кафедраи фортепианои тахассусӣ Хосият Олимова ибрози назар намуданд ва баён намуданд, ки Консерваторияи миллӣ маркази асосии омоданамоии мутахассисони мусиқии касбӣ ба шумор меравад.

Дар консерт 15 асари мусиқӣ аз ҷониби хонандагони синфи омӯзгор Фирӯза Қосимова иҷро гардид. Барномаи консертӣ-рӯнамоии Қосимова Фирӯза ва Ҷӯрабек Умаров хеле хуб таҳия шуда, оҳангҳо бо савту навои тоҷикӣ садо доданд. Хонандагони Мактаби мусиқии №3-и ба номи А.Ленский ва шунавандагони курси тайёрии Консерватория навозиши асарҳоро хуб иҷро намуда, сазовори таҳсину офарини ҳозирин гаштанд.

Дар фарҷом ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ба иштирокчиёни консер ифтихорнома тақдим намуданд. Ҳузури вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарм Сатториён Матлубахон Амонзода ба чорабинӣ шукӯҳи тоза зам намуд.

Вазири муҳтарам ба иштирокчиён ва роҳбарони консерт барои чунин консерти хубу хотирмон аҳсану офарин гуфтанд ва ба иштирокчиён сабади гул тақдим намуданд.