Хушхабар!!!

Posted Thu, 03/28/2024 - 18:35
By admin

Ансамбли донишҷӯёни шуъбаи созҳои халқии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов имрӯз бо дастоварди хеле бузург аз Озмуни байналмилалӣ таҳти унвони “Садоҳои Наврӯз” (“Навруз садолари”), ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, ба Ватан баргаштанд.

Натиҷаи заҳматҳои устодон, меҳнати пурсамар ва маҳорати баланди навозандагии  худи онҳо ба ин донишҷӯён имкон дод, ки дар байни иштирокчиёни озмун сазовори ҷойи аввал гарданд.

Ин дастовард боиси ифтихори кулли омӯзгорон ва муҳассилини муассиса буда, бори дигар собит месозад, ки ин даргоҳи илму ҳунар дар тарбияи мутахассисони касбии соҳаи санъати мусиқӣ нақши калидӣ дорад.

Умедворем, ки ин муваффақият ба кулли ҷавонон ва наврасон, ки дар ҷодаи санъати мусиқии касбӣ таҳсил ва фаъолият менамоянд, барои боз ҳам бештар заҳмат кашида, мутахассиси асил гардидани онҳо нерӯи тоза мебахшад.