Муваффақиятҳои Консерваторияи Миллӣ дар озмуни «Тоҷикистон – Ватани Азизи Ман»

Posted Tue, 10/08/2024 - 21:16
By admin

Дар таърихи 5-уми октябр дар Театри давалатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ маросими ҷоизасупории озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» баргузор гардид.

Инак соли шашум аст, ки ин озмун дар саросари ҷумҳурӣ бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат ва рушди минбаъдаи он, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди асарҳои нави мусиқӣ, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон, баргузор мегардад.

Қобили зикр аст, ки донишҷӯёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ҳамасола дар ин озмуни бонуфуз иштирок карда, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд. Имсол низ аз 23 нафар иштирокчиёни даври ҷамъбастии озмуни мазкур 14-нафар ҷойҳои намоёнро сазовор гардиданд: 1-нафар соҳиби Шоҳҷоиза, 3-нафар ҷои якум, 6-нафар ҷои дуюм, ва 4-нафар ҷои сеюмро ишғол намуданд.

Ғолибони

озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2024 аз Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов:

1. Ғайбуллоева Фархунда – Шоҳҷоиза (сарояндагии анъанавӣ);

2. Чариев Сироҷиддин – ҷойи 1 (сарояндагии академӣ);

3. Қодирова Карина – ҷойи 1 (фортепиано);

4. Шарифзода Некрӯз – ҷойи 1 (навозандагии суннатӣ);

5. Давлатов Бахтовар – ҷойи 2 (композиторӣ);

6. Авдиев Мусо – ҷойи 2 (созҳои оркестрӣ);

7. Тошев Идибек – ҷойи 2 (созҳои халқӣ);

8. Сидиқов Муъмин – ҷойи 2 (сарояндагии академӣ);

9. Сайфиддинов Сайфулло – ҷойи 2 (навозандагии эстрадӣ);

10. Сангов Суннатулло – ҷойи 2 (сарояндагии анъанавӣ);

11. Алиева Азиза – ҷойи 3 (фортепиано);

12. Неъматов Парвиз – ҷойи 3 (созҳои зарбӣ);

13. Зоҳидов Ҷӯрабек – ҷойи 3 (навозандагии эстрадӣ);

14. Маҳмудов Хушбахт – ҷойи 3 (сарояндагии анъанавӣ).