Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов довталабонро даъват менамояд

Posted Tue, 04/18/2023 - 11:13
By admin

Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов 10 майи соли 2003 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Дар тӯли 20 соли фаъолияташ чун ягона мактаби олӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассисони соҳаи санъати мусиқии касбиро омода менамояд.

Дар Консерватория тибқи равияҳои асосии мусиқии касбӣ се факултет:

  • факултети иҷрокунандагӣ (классикаи ҷаҳонӣ ва мусиқии композитории тоҷик);
  • мусиқии суннатии тоҷик (асосан дар заминаи Шашмақом ва Фалак);
  • санъати мусиқии эстрадӣ (равияҳои муосири мусиқии эстрадӣ)

ва 13 кафедра фаъолият дорад.

Таҳсил дар муассисаи мазкур аз рӯйи низоми кредитӣ ба роҳ монда шудааст. Ҷараёни таҳсил бо шаклҳои рӯзона ва фосилавӣ ба амал меояд ва донишҷӯён аз рӯйи 13 ихтисос ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.

  • Санъати эстрадӣ (мусиқии созӣ);
  • Санъати эстрадӣ (Сарояндагӣ);
  • Санъатшиносӣ-мусиқишиносӣ;
  • Фортепиано;
  • Асбобҳои созии камончадор (Созҳои камонӣ аз рӯйи самтҳо);
  • Асбобҳои созии нафасӣ (Созҳои нафасӣ аз рӯйи самтҳо);
  • Асбобҳои халқии тории мизробӣ-зарбӣ «Созҳои халқӣ аз рӯйи самтҳо»;
  • Мусиқии халқӣ «Мутрибони анъанавӣ»;
  • Сарояндагии академӣ;
  • Сарояндагии анъанавӣ;
  • Дирижёри хори академӣ;
  • Композитсия ва созбандӣ;
  • Режиссура (ороиши овоз);

Дар Консерватория 335 нафар донишҷӯ аз рӯйи ихтисосҳои санъати мусиқии касбӣ таҳсил мекунанд. Аз ин шумора 192 нафар рӯзона, 114 нафар ғоибона (фосилавӣ), 24 нафар магистр ва 5 нафар доктор Ph.D.

Инчунин дар Консерватория шаҳрвандони хориҷӣ низ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Аз ҷумла, 17 нафар аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, 2 нафар аз Корея, 1 нафар аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ва 1 нафар аз ИМА.

Баҳри ба сатҳи меъёрҳои байналмилалӣ бардоштани ҷараёни таҳсил ба ҳайси омӯзгор ба Консерватория мутахассисон аз хориҷи кишвар низ даъват карда мешаванд. Айни ҳол дар Консерватория ду нафар омӯзгорони ботаҷриба аз Федератсияи Россия фаъолият намуда ба донишҷӯён созҳои арфа ва контрабасро меомӯзонанд.

Инчунин дар соли таҳсили 2021-2022 якчанд нафар мутахассисони санъати мусиқии касбӣ аз хориҷи кишвар, тӯли ду ҳафта бо донишҷӯён дарсҳои маҳорат баргузор намуданд. Аз ҷумла, профессори Консерваторияи шаҳри Милани Италия, вокалист ва дирижёри хор – Делфо Меникучӣ, пианинонавози машҳури Фаронса – Франсуа Шаплен, ки ба даҳгонаи беҳтарин пианинонавози ҷаҳон шомил шудааст, Ҳунарпешаи шоистаи Ӯзбекистон, доиранавоз Аббос Қосимов ва дигарон даъват гардиданд.

Дар Консерватория2 нафар доктори илм-профессор, 5 нафар профессор (бе дараҷаи илмӣ)4 нафар номзади илм, (аз онҳо 3 нафар дотсент), 5 нафар дотсент(бе дараҷаи илмӣ) кору фаъолият доранд.Дар муассиса олимони шинохта ва устодони варзида монанди доктори илмҳои санъатшиносӣ Азизӣ Ф.А., доктори илмҳои педагогӣ Латифзода Д., профессорони соҳаи санъат Достизода М., Оят Сабзалиевна, Қудратулло Яҳёев, дотсентон Файзалӣ Ҳасанов, ХолДавлатманд, Миршакар З.М., Исмоил Назрӣ, Пӯлодова Л.Т., Назарова Л.А., Ёқубов Қ.Ё., Каримзода С.С., и.в. дотсентХуршед Иброҳимзода,омӯзгори калон Сироҷиддин Ҷӯраев ва дигарон ба таълиму тарбияи ҳунармандони хушсалиқа машғуланд. Қисме аз устодони Консерватория соҳиби унвонҳои Ҳунарпешаи халқӣ ва шоистаи Тоҷикистон, Ҳофизони халқӣ ва барандагони ҷоизаҳои давлатӣ ба номи А.Рӯдакӣ мебошанд.

Консерватория хобгоҳ барои донишҷӯён, китобхона, синфҳои компютерӣ, ошхона, толори консертии калон ва хурд дорад.

Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҳусейнзода Ш. 155
Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов.
Телефонҳои боварӣ: 227-07-12; 227-43-72;
+992 907-01-24-26
Сомона:
www.konservatoriya.tj

Теги