Зодрӯз муборак устод
Имрӯз яке аз устодони шинохтаи Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, профессори кафедраи сарояндагии анъанавӣ Файзалӣ Ҳасан зодрӯз доранд.
Раёсати Консерватория дар якҷоягӣ бо ҳайати профессорон, омӯзгорон ва кормандон устоди арҷмандро бо фарорасии мавлудашон табрику муборакбод намуда, барояшон умри дарози босаодат, сарбаландии рӯзгор ва корҳои нави эҷодиро таманно менамоянд.
Ниҳоли қоматат пурбор гардад,
Туро умри наку ҳам ёр гардад.
Дар ин дунё бизӣ сад соли дигар,
Ки дунё аз паят гулзор гардад.