Унвон муборак!
18 апрели соли 2024 бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ва дорандаи чандин ордену медалҳо, сарояндаи шинохтаи ҷумҳурӣ дар жанри сарояндагии академӣ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев УП-66 аз 18 апрели соли 2024 Миралӣ Достизода бо унвони давлатии Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон сарфароз гардонида шуд.
Сазовор гардидан ба ин унвон эътироф гардидани хизматҳои шоистаи ҳунарманд на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар кишвари ба мо дӯст Ӯзбекистон мебошад ва аз робитаҳои зичи фарҳангии ин ду давлат дар соҳаи фарҳанг ва санъати мусиқии касбӣ маҳсуб меёбад. Сазовор шудан ба ин унвони давлатӣ эътирофи тамоми арбобони фарҳанг ва ҳунари Тоҷикистон, ҳомиёни соҳаи санъати мусиқии касбии тоҷик, дар арсаи байналмилалӣ эътироф гардидан ва пазируфта шудани фарҳанги чандинҳазорсолаи мардуми тоҷик мебошад.
Достизода Миралӣ: Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1997), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2003), Ордени “Дӯстӣ” (2005), барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (2010), дорандаи Медали ҷашнии “20 солагии Истиқолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (2011); Лауреати фестивал-озмуни “Весна” дар Ҷумҳурии Кореяи Шимолӣ (2003); Лауреати озмуни телевизионӣ, бахшида ба 40-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Аълочии қӯшунҳои сарҳадӣ, дараҷаи дуюм (ду маротиба); Дорандаи 4 медали Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғ.
Ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба Талабхӯҷа Сатторов, профессори кафедраи сарояндагии академӣ ва дирижёрии хор.
Зиёда аз 150 корҳои эҷодиву иҷрокунандагӣ дорад. Ҳамчун композитор асарҳои зиёде офаридааст, ки дар консертҳои ҷумҳуриявии давлатӣ ва хориҷи кишвар иҷро карда шудаанд.
Шогирдони зиёдеро тарбия намудааст, ки соҳиби унвонҳои давлатӣ ва лауреати озмуну фестивалҳои байналмилаливу ҷумҳуриявӣ мебошанд: ду нафар соҳиби унвони фахрии давлатии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, 1 нафар дорандаи медали “Хизмати шоиста”(2016), 4 нафар гирандаи дипломи Ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” (солҳои 2020, 2021, 2022, 2023).
Шогирдони ҳозираашон лауреати ҷоизаҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ буда, анъанаҳои беҳтарини устодашонро содиқона идома дода истодаанд.
Назриев Исмоил Абдуллоевич
Исмоил Назриев санъати овозхонӣ ва навозандагиро аз устоди хеш падари бузургвораш Абдулло Назрӣ омӯхтааст.
Исмоил Назриев аз шахсиятҳое маҳсуб меёбад, ки сабки сарояндагии анъанавии устодони барҷастаи тоҷик Акашариф Ҷӯраев ва Абдулло Назриев , Одина Ҳошимов, Зафар Нозимовро идома дода истодааст. Саҳми ӯ дар инкишоф ва рушди санъати мусиқии халқӣ ва дар байни мардуми кишвар муаррифӣ намудани ҳунарҳои мардумӣ хеле муҳим мебошад.
Солҳои охир ягон консертҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ бе иштироки ин ҳунарманди мумтози халқӣ чӣ дар пойтахт ва чӣ дар шаҳру навоҳии кишвар қариб, ки намегузарад.
Ҳунари сарояндагиро аз бузургтарин ҳофизони халқии Тоҷикистон омӯхтааст ва онро ғаниву бой гардонидааст.
Дар сабки мардумӣ оҳангҳои нав офарида хазина сурудҳои халқии насли пешгузаштагонро ҷилову тобиш ва ороиши дигар додааст. Дар сайқал ва такмил додани савту таронаҳои дилчаспи халқӣ саҳми муносиби худро гузоштааст. Сурудҳои ӯ даҳсолаҳост, ки гулчини барномаҳои мусиқии радиову телевизионанд, зеби чорабиниҳои баландтаринанд.
Сарчашмаи эҷоди ӯ сурудҳои мардумианд. Сурудҳои ӯ дар такя ба эҷодиёти халқ таълиф шудаанд. Зиёда аз 50 суруди халқиро сароида оҳангҳои зиёди халқиро такмил ва дар ин раванд оҳанг эҷод намудааст.
Исмоил Назриев аз соли 2004 то ҳол ҳамчун и.в. дотсенти кафедраи сарояндагии анъанавии Консерватория адои вазифа намуда истодааст. Ӯ тайи фаъолияти эҷодӣ суруду оҳангҳои зиёдеро эҷод намуда, бо ҳамроҳии қиблагоҳаш устод Абдулло Назрӣ ва бародаронаш Давлат Назрӣ, Иззат Назрӣ ва фарзандонаш Соҳиб ва Умедҷон тавассути садою симо пахш намудааст. Зиёда аз 70 суруду оҳангҳои ӯ дар фонди тиллоии Радио маҳфузанд.
Исмоил Назриев зиёда аз 30 нафар шогирдонро тарбия намудааст. Ӯ тӯли фаъолияти кории худ барои ташаккули донишу малакаҳои касбии онҳо ва аз бар намудани барномаҳои тахассусии ҳар як шогирд заҳматҳои зиёде кашидааст.
Устод Исмоил Назриев нозукиҳои санъати овозхонии сабки хумбӣ, мавригӣ ва фалакхониро бо лаҳни махсус меомӯхтанд ва омӯхта истодаанд.
Имрӯз шогирдони зиёди Исмоил Назрӣ аз қабили Давлат Назрӣ, Назриддини Неъматулло (Ҳунарпешагони шоистаи Тоҷикистон), Сайфиддини Неъматулло, Сунатуллои Хабир, Гулмурод Содиқ ва Солеҳ Зубайдовҳо ва дигарон ҳамроҳи устодашон дар хизмати мардуманд.
Барои хизматҳояш дар тарғиби фарҳанги миллӣ сарояндагии сабки анъанавӣ ва тарбияи шогирдонаш бо якчанд ифтихорномаҳо, дипломҳо ва унвонҳои фахри сарфароз гардидааст: “Аълочии маорифи халқ” (1996), “Аълочии фарҳанги Тоҷикистон”(2007), “Медали Хизмати Шоиста” (2007), унвони фахрии “Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” (2014), Ҳофизи халқии Тоҷикистон (2021).
Исмоил Назриев ҳамчун сароянда дар байни халқ шинохта шудааст. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев УП- 66 аз 18 апрели соли 2024 ба ӯ унвони Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон дода шуд.
Ба устодон тансиҳатӣ, муваффақиятҳои эҷодӣ ва барору комёбиҳо таманно дорем.
Бори дигар, Унвони давлатӣ муборак шавад!