Таҷлили Рӯзи забони давлатӣ дар Консерватория

Posted Thu, 10/03/2024 - 17:34
By admin

Имрӯз (03.10.2024) дар толори хурди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов конференсияи илмӣ-адабӣ зери унвони «Забони тоҷикӣ ва Истиқлоли давлатӣ» бо иштироки раёсати Консерватория, омӯзгорону донишҷӯён ва намояндаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Чорабиниро ректори Косерватория Достизода Миралӣ оғоз намуда, ҳозиринро ба Рӯзи забони давлатӣ муборакбод гуфта, аз сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти татбиқи Қонуни забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар карданд.

Аз ҷумла, таъкид намуданд, ки забони давлатӣ яке аз пояҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва нишонаи равшани ҳувияти миллии мо ба ҳисоб меравад.

Сипас, н.и.ф., сардори шуъбаи номгузорӣ ва танзими истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Зулфониён дар мавзуи «Рисолати забони тоҷикӣ ва рушди он дар замони Истиқлол» маъруза намуда, нуктаи ҷолиб ва далелҳои арзишмандеро барои ҳозирин равшан намуданд.

Абдулҳаев Зоҳид дар мавзуи «Ҷойгоҳ ва истифодаи калимаҳои аслан тоҷикӣ дар забони адабии муосири тоҷик» бо мисолҳои мушаххас ва пешниҳоди калимаҳои аслии тоҷикӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро ҷалб намуда, маърузаи ҷолибе ироа намуд.

Донишҷӯи курси чоруми факултети иҷрокунандагӣ Ҷаҳонгир Расулов бошад, дар мавзуи «Забон аз дидгоҳи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ» сухан гуфта, забонро ҳамчун категорияи иҷтимоӣ, адабӣ, фарҳангӣ ва фалсафӣ дар мисоли “Маснавии маънавӣ” ва “Девони Шамс” баррасӣ намуд.

Ҳамчунин, дар конференсия корманди раёсати таълим Файзигул Темирова шеъри “Тоҷикӣ”-и Шоири халқии Тоҷикистон Рустам Ваҳҳобзода, донишҷӯи курси якуми факултети иҷрокунандагӣ Муъмин Сиддиқов шеъри Меҳриниссо – «Ман намозамро ба номат мегузорам тоҷикӣ», донишҷӯёни курси аввал бо роҳбарии Қурбонов Оятулло порчаҳои шеърӣ дар васфи забони тоҷикӣ ва донишҷуёни курсҳои якуму дувум бо роҳбарии омӯзгорон Ҷӯраева Рамзия, Вализода Шабнам ва Аҳророва Земфира бо забонҳои русӣ ва англисӣ шеърҳо қироат намуданд.

Ҳамзамон, дар бахши фарҳангии чорабинӣ ансамбли мутрибони анъанавии факултети мусиқии суннатии тоҷик ва сарояндагону навозандагон – донишҷӯи курси тайёрӣ Илёс Инатуллоев, донишҷӯи курси якум Муъмин Сиддиқов зери роҳбарии мудири кафедраи сарояндагии академӣ Содиқ Нуруллоев бо маҳорати волои сарояндагӣ чорабиниро рангину муаттар намуданд.