Таҷлили Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ

Posted Thu, 02/22/2024 - 20:12
By admin

Имрӯз дар Толори хурди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов бо иштироки роҳбарият, омӯзгорон ва донишҷӯён бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ ва консерти ҷашнӣ баргузор гардид.

Дар ибтидо ректори Консерватория Достизода Миралӣ дар бораи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан намуда, Артиши миллиро муҳофизи обу хоки муқаддаси Ватан, сулҳу субот ва оромӣ дар кишвар арзёбӣ намуданд. Ҳамчунин, зикр гардид, ки Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон ин мактаби мардонагиву шуҷоат буда, хизмати Ватан-модар барои ҳар як фарди худогоҳу хештаншинос қарз мебошад.

Баъдан, омӯзгори кафедраи ҷомеашиносӣ Сироҷзода Саидшоҳ дар мавзуи “Артиши миллӣ – рукни муҳимми давлатдории миллӣ” маъруза намуд.
Дар фарҷоми ҷамъомад аз ҷониби донишҷӯён консерти рангин пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Ҳамзамон, аз ҷониби омӯзгорон ва донишҷӯёни Консерватория баҳри болидагии хотири сарбозону афсарон ва шаҳрвандон, ки дар боғи фарҳангии Куруши Кабир ҷамъ омада буданд, консерти идона баргузор гардид.