Cуруду оҳангҳо аз эҷодиёти устод Қудратулло Ҳикматзода
Санаи 6-уми июни соли равон дар толори калони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов консерт аз эҷодиёти композитори маъруф, Арбоби ҳунари Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи байналмилалии "Композиторони муосир" (Олмон, 1990), и.в. профессори кафедраи композитсия ва созбандӣ Қудратулло Ҳикматзода баргузор гардид.
Дар барномаи консертӣ устодону донишҷӯёни муассиса ва ҳунармандони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ҳунарнамоӣ намуда, суруду оҳангҳо аз эҷодиёти устод Қудратулло Ҳикматзодаро иҷро намуданд.