Донишҷӯи Консерваторияи миллии Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ сазовори ҷои ифтихорӣ шуд
Дар Ҷумҳурии Қазоқистон озмуни XXV байналмилалӣ таҳти унвони «Романсиадаи Қазоқистон» анҷом ёфт, ки дар он сарояндагони мамлакатҳои гуногун иштирок доштанд. Аз ҷумла, Тоҷикистонро дар ин озмун Шерзод Абдуллозода -донишҷӯи бахши чоруми шуъбаи сарояндагии академӣ, синфи профессор Миралӣ Достизода муаррифӣ намуда, сазовори ҷойи сеюм гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Консерваторияи миллии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар озмун 64 номзад аз Қазоқистон, Узбекистон ва Тоҷикистон иштирок доштанд ва дар намоишномаҳои довталабон, ки ба забонҳои қазоқӣ ва русӣ романсҳо намоиш доданд, ҳунармандони номдор, намояндагони театру академияҳои гуногун баромад намуданд.
Бо қарори ҳакамон Гран-при насиби Отабек Назиров аз шаҳри Тошканд гардид. Байни иҷрокунандагони романси қазоқӣ ҷои аввалро Байҷума Ҷулдиз (Алмато) ва Алиш Бибарис (Остона), ҷои дуюмро Ахметов Мухтар ва Аружан Кусайнова (Алмато), ҷои сеюмро Шерзод Абдуллозода (Душанбе) сазовор гардиданд.
Шерзод Абдуллозода зодаи шаҳри Панҷакент буда, баъд аз хатми мактаби санъати шаҳри Панҷакент ба Коллеҷи санъати Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд дохил шудааст. Сипас ҳангоми таҳсили соли дуюм дар назди Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маҳорат ҳунарнамоӣ намуда, бо супориш ва даъвати Сарвари давлат ӯ ба Консерваторияи миллии Тоҷикистон омада, ҳоло дар бахши чорум таҳсил дорад.
Шерзод Абдуллозода дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки «ман дар чор сол ба пешравиҳои зиёде ноил гардида, дар якчанд озмуни байналмилалӣ, ба мисли «Бозиҳои Делфи», «Роза востока», «Во весь голос» ва ғайраҳо иштирок намуда, ғолиб шудам. Аз ҷумла, дар «Бозиҳои Делфи» соҳиби медали нуқра гардидам».
Бояд гуфт, ки озмуни XXV байналмилалии романсҳои «Романсиадаи Қазоқистон» бо дараҷаи баланди иштироккунандагон ва маҳорати касбии ҳакамон баҳогузорӣ шуд.
Ғолибон имкон доранд, ки дар озмуни финалии сарояндаҳои романӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия иштирок намоянд, ки ин барои таблиғи дастовардҳои эҷодии онҳо берун аз минтақа имкони хуб аст.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»