Ҳафтаи Илм: Кафедраи ҷомеашиносӣ ва фанҳои гуманитарӣ

Posted Fri, 04/26/2024 - 21:38
By admin
Кафедраи ҷомеашиносӣ ва фанҳои гуманитарӣ

Субҳи имрӯз дар конфронстолор қисми дуюми конференсияи илмӣ-амалии кафедраи ҷомеашиносӣ ва фанҳои гуманитарӣ доир гардид.
Маърӯзаҳои пешниҳоднамудаи профессорону омӯзгорони кафедра ба масъалаҳои мубрами илмҳои ҷомеашиносиву гуманитарӣ дар замони муосир нигаронида шуда, самтҳои зеринро дар бар гирифтанд:

  1. Моҳияти давлати дунявӣ ва дурнамои рушди он дар Тоҷикистон;
  2. Такмили корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ: самтҳои асосии таҳқиқот дар фарҳангшиносии татбиқӣ;
  3. Саҳми беназири Николай Афанасевич Метлов дар тарбияи мусиқии томактабӣ;
  4. Заминаҳои ахлоқӣ ва фарҳангӣ дар таълимоти Зардуштия;
  5. Ҳунари нақшу нигори девор дар Паҷакенти қадим;
  6. Мотиватсия ва роҳу усулҳои ҳавасмандгардонии ҳайат.

Дар фарҷоми ҷамъомад ширкаткунандагон фикру андешаҳои худро иброз намуда, аз баргузории конференсия изҳори қаноатмандӣ намуданд.