Вохӯрӣ бо намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Posted Tue, 06/04/2024 - 19:59
By admin

31майи соли 2024 кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковник Борониев Саймуддин ва подполковник Халифаева Мушкиниссо бо устодон ва донишҷӯёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов мулоқот намуда, ҳозиринро бо замимаи мобилии барномаи «SOS» шинос намуданд.

Мутахассисаон қайд карданд, ки ин замимаи мобилӣ барои ҳамаи касонест, ки бо амри тасодуф дар гирдоби ин ё он ҳодисаи фавқулода мондаанд. Барнома барои фавран пайдо кардани маълумот дар бораи чӣ кор кардан дар ҳолати фавқулодда кӯмак мекунад.

Дар рафти мулоқот мутахассисони КҲФ барномаи ёдшударо аввал рӯнамоӣ карда, афзалияту бартариҳои онро гуфтанд ва дар бораи роҳу шеваҳои пайваст шудан ба барномаро амалан нишон доданд. Аз ҷумла иброз доштанд, ки ин сервис чун ёвар барои таъмини амнияту бехатарии ҳар шахс таҳия ва роҳандозӣ шудааст.

Замимаи мобилии бехатарии «SOS» аз ҷониби мутахассисони КҲФ якҷо бо Ширкати миллии технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ таҳия шуда, барои боргирии ройгон дар онлайн-мағозаҳои Google Play, App Store дастрас буда, дар системаҳои мобилии iOS ва Android муваффақона кор мекунад.

Ин барнома воситаи беҳтарин барои таълими асосҳои рафтори бехатар, вокуниши зуд ба таҳдидҳои эҳтимолӣ ва дарёфти иттилооти муосир дар ҳолатҳои буҳронӣ мебошад.