Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар соли 2024

Posted Wed, 01/03/2024 - 16:51
By admin
kasri-millat

АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1. Дар соли 2024 Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» баргузор карда шавад.

2. Низомнома, ҳайати комиссия ва ҷоизаҳои Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3).

3. Вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд доир гардидани Озмуни мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.

4. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо иҷрои талаботи амри мазкурро таъмин ва ҷиҳати ҷалби бештари дӯстдорони санъату мусиқӣ чораҷӯйӣ карда, ғолибони даврҳои якум ва дуюми Озмун ва омӯзгорони онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд гардонанд.

5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои соли 2024 пешбинӣ гардидаанд, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баргузории Озмуни мазкур 3 785 000 (се миллиону ҳафтсаду ҳаштоду панҷ ҳазор) сомонӣ ба таври нақд ҷудо намояд.

6. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи мақсадноки маблағи ҷудошударо таъмин карда, ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи хароҷоти анҷомдодаро пешниҳод намояд.

7. Назорати иҷрои амри мазкур ба зиммаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа) гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
1 январи соли 2024
№АП-479

Замимаи 1
ба амри Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз « 1 » январи соли 2024, №АП-479

Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии
«Тоҷикистон – Ватани азизи ман»

Теги