Барномаи консертӣ бахшида ба рӯзи забони давлатӣ ва рӯзи омӯзгор

Санаи 7-уми октябри соли 2025 дар фазои фарҳангӣ ва ҳунарии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов барномаи консертии ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” бо ҳузури омӯзгорону донишҷӯён, меҳмонони расмӣ ва дӯстдорони ҳунару фарҳанг бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор гардид.
Чорабинӣ ба ду санаи муҳим ва пурифтихори миллӣ — Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи омӯзгорон — бахшида шуда, ба хотири арҷгузорӣ ба забони модарӣ ва заҳматҳои омӯзгорони софдилу фидоӣ роҳандозӣ гардид.
Бахши ифтитоҳӣ бо порчаҳои пурмуҳтавои адабӣ оғоз ёфт, ки дар онҳо нақши устодону бузургони адабиёт дар таҳким ва рушди забони тоҷикӣ ёдоварӣ шуд. Дар оғози чорабинӣ аз ҷониби ансабли эстрадии Консерватория ва аҳли толор Суруди миллӣ баври зинда иҷро гардид.
Сухани ифтитоҳиро ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов номзади илмҳои санъатшиносӣ, дотсент Давлатзода Баҳодур Давлат баён намуда, саҳми омӯзгоронро дар кашфи истеъдодҳои нав ва тарбияи насли эҷодкор махсус таъкид карданд.
Ҳамзамон раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои филологӣ, профессор, узви вобастаи АМИТ Раҳматуллозода Сахидод Раҳматулло низ бо суханони пурмуҳтаво ва руҳбаландкунанда суханронӣ намуда, аз нақши сарнавиштсози забони давлатӣ ва рисолати муқаддаси омӯзгор бо эҳсоси баланди миллӣ ёдовар шуданд.
Инчунин, дар ин бахш ба як қатор омӯзгороне, ки шогирдонашон дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» соҳиби Шоҳҷоиза ва ҷойҳои намоён гардиданд, сипосномаҳо тақдим гардид.
Бахши консертӣ бо баромади ҳунармандони ҷавон ва донишҷӯёни лаёқатманди Консерваторияи миллӣ идома ёфт. Барнома аз 11 асари ҷолиб иборат буда, дар он навъҳои гуногуни мусиқии академӣ, эстрадӣ, халқӣ ва шеърхонӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ пешниҳод гардиданд.
Барнома бо гулчини оҳангҳои Умаров Чӯрабек оғоз ёфта, сипас бо иҷрои асарҳои маъруфи ҷаҳонӣ, мисли “Фантазия на тему Рябинина” (Антон Аренский) ва “Балетные сцены” (Шарль де Берио) идома ёфт.
Намояндагони ҷавони санъат дар ҳар як иҷрои худ бо маҳорати баланд, эҳсоси ватандӯстӣ ва забондӯстӣ баромад намуда, мусиқии асилро ба таври шоиста муаррифӣ карданд. Инчунин, суруду оҳангҳои ватандӯстона ва таронаҳои пурмуҳтаво, аз ҷумла “Модар фаришта буд”, “Пайванди орзуҳо” ва “Тоҷикистон, ба пеш” фазои чорабиниро пур аз эҳсосоти миллӣ намуданд.
Дар фарҷоми ин чорабинии пуршукӯҳ ва хотирмон, як бори дигар таъкид гардид, ки забон, мусиқӣ ва омӯзгор — сутунҳои асосии маънавиёти миллатанд. Ҳар як лаҳзаи барномаи имрӯз собит кард, ки забони тоҷикӣ на танҳо мероси фарҳангист, балки василаи ифтихори миллӣ, пуштибони ҳувият ва заминаи ваҳдати ҷомеа мебошад.
Ҳунари ҷавонони лаёқатманд, садоқати устодони ватандӯст ва руҳияи баланди фарҳангӣ дар ин маҳфил ба таври возеҳ таҷассум ёфт. Меҳри забон, эҳтиром ба омӯзгор ва арҷгузорӣ ба ҳунари миллӣ — се паёми асосии барномаи имрӯз буд, ки дар ҳар суруд, шеър ва ҳар навои мусиқӣ равшан ба гӯш мерасид.
Чунин чорабиниҳо танҳо як намоиши ҳунар нестанд — онҳо оинаи бедории маънавии ҷомеа, пойдории арзишҳои миллӣ ва қадами устувор ба сӯйи ояндаи босубот ва фарҳангсолор мебошанд.