Ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба рӯзи матбуоти тоҷик
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола рӯзи 11 март чун Рӯзи матбуоти тоҷик ба ифтихори рӯйи чоп омадани нахустин шумораи рӯзномаи тоҷикии “Бухорои Шариф” (11 марти соли 1912) ботантана чашн гирифта мешавад. Дар робита ба ин, рӯзи 11 марти соли 2026 дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев ҳамоиши тантанавӣ ба муносибати ин ҷашн баргузор шуд. Ҳамоиш бо Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистони оғоз гардида, ба он тамоми ҳозирин ҳамовоз гардиданд. Сипас, филми кӯтоҳе аз таърихи таъсиси рӯзномаи Бухорои Шариф ва таъсири он ба инкишофи ҷаҳонбинии зиёиён ва худшиносии мардуми тоҷик намоиш дода шуд. Ба идомаи чорабинӣ, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба робита бо ҷомеа Абдуллозода Масрур кулли кормандони матбуоти ҷумҳуриро бо ин санаи муҳим ва муборак табрик ва шодбош намуданд ва аз заҳматҳои хастагинопазири онҳо сухан ронданд.
Аз ҷумла, Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ зикр намуд, ки Рӯзи матбуоти тоҷик имсол дар соли хоса, яъне 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад ва матбуоти тоҷик дар ҳама ҳолат минбари андешаи озоди мардуми Тоҷикистон буд ва ҳаст.
Ба идомаи ин, чанд нафар собиқадорон ва кормандони варзидан матбуоти кишвар бо нишони Аълочии матбуоти Тоҷикистон, медали ҷашнии 30 - солагии Ҳизби Халқии-Демократии Тоҷикистон ва Сипосномаҳои ҲХДТ, теъдоди зиёди нашрияҳои давлатӣ ва хусусии ҷумҳурӣ бо Сипосномаҳо, ҳамчунин рӯзноманигорони ҷавон бо ҷоизаҳои ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва Воҳид Асрорӣ қадр карда шуданд. Медалу нишонҳо ва туҳфаю ва сипосномаҳоро Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба робита бо ҷомеа Абдуллозода Масрур, муовини аввали раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшоҳ Неъматзода ва раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатуллоҳ Исмоилзода тақдим намуданд.
Дар ҷараёни ин ҷашни пуршукӯҳ овозхонони машҳури Тоҷикистон Саидқул Билолов, Афзалшо Шодиев, Соҳиб Назриев, Соҳиба Давлатшоева ва Ҷаннатулло Абдуллоев бо сурудҳои дилнишини худ табъи ҳозиринро шод гардониданд.

