Конференсияи илмии магистрони Консерваторияи Миллӣ

Posted Sat, 04/26/2025 - 20:29
By admin

Дар доираи таҷлили Ҳафтаи илм дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов силсилаи чорабиниҳои илмӣ баргузор шуда истодааст. Аз ҷумла, имрӯз (22.04.2025) бо иштироки роҳбарони илмӣ ва магистрантон конференсияи илмӣ-амалии магистрони Консерватория таҳти унвони «Истиқлоли давлатӣ ва рушди мусиқии касбӣ: масъалаҳои назарӣ ва амалӣ» баргузор гардид.

Дар бахши тантанавии конференсия номзади илмҳои филологӣ Шарифзода Лутфулло роҷеъ ба мафҳуми илм, саҳми он дар рушди ҳаёти дирӯзу имрӯзи инсоният, бахусус, рушди илми тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ, ғамхорию кӯшишҳо баҳри рушди илми тоҷик ва дастгирии аҳли илми кишвар, ҳамчунин вазъи пешбурди корҳои илмӣ дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов гузориши муфассал дода, инчуни дар мавзуи «Ҷойгоҳи илм дар марҳилаи нави таърихӣ» суханронӣ намуд. Теъдоде аз магистрантони Консерватория доир ба корҳои илмии дар давоми соли таҳсил дар ин муассисаи олии кишвар анҷом додаашон бо маърузаҳои пурмазмун суханронӣ намуданд.

Аз ҷумла, магистранти соли дуюми кафедраи сарояндагии анъанавӣ Қодиров А.У. дар мавзуи «Сабк ва услуби иҷрои сурудҳои халқӣ дар водии Зарафшон», магистранти соли аввали кафедраи композитсия ва созбандӣ Лутфуллои Раҳматулло дар мавзуи «Нақши композиторони тоҷик дар оркестри созҳои миллӣ» (дар мисоли фаъолияти ҳунарии Оркестри созҳои миллии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев, магистранти курси якуми кафедраи фортепианои тахассусӣ Қодирова К.Б. дар мавзуи «О двух направлениях развитиях таджикской академической музыки», магистранти соли аввали кафедраи сарояндагӣ ва навозандагии эстрадӣ Каримов Р.С. дар мавзуи «Фаъолияти ҳунарии ансамбли эстрадии Гулшан», магистранти соли аввали кафедраи композитсия ва созбандӣ Иброҳимзода М.Р. дар мавзуи «Чанд мулоҳиза дар атрофи эҷодиёти композитор Ёқуб Сабзанов» маъруза намуданд.

Дар фарҷом байни маърузакунандагон ва ҳозирини конференсия мубоҳисаю саволу ҷавобҳо сурат гирифт ва номзади илмҳои филологӣ Шарифзода Лутфулло ба ҳамаи маърузакунандагон ҷиҳати маърузаҳои пурмуҳтаво изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.