Табрикотии ректори Консерваторияи Миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов

Posted Wed, 06/25/2025 - 22:15
By admin

Бо эҳсоси баланди масъулият ва самимияти фаровон, иҷозат фармоед, ки дар ин рӯзҳои муборак ва фараҳбахш, ки мардуми шарифи Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллиро бо шукӯҳу шаҳомати хос ҷашн мегиранд, ҳамаи Шумороба ҷашни бузурги ваҳдати миллӣ табрик намоям.

Мардуми тоҷик баъд аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар соли 1991, бо шиддати ҳаводиси мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ шуданд. Ин мудҳиштарин давраи таърихи навини мо буд, ки хисороти зиёди ҷонӣ, маънавӣ ва иқтисодиро ба бор овард.

Ваҳдати миллӣ бо хиради сиёсӣ, ҷасорат ва иродаи қавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад. Маҳз бо ташаббус ва роҳнамоии Пешвои миллат ва дастгирии мардуми бедордил ва сулҳхоҳи мо, миллати тоҷик боз дубора гирд омад ва тавонист рӯ ба созандагӣ орад.

Имрӯз ваҳдати миллӣ баробари истиқлолият ҳамчун арзиш ва дастоварди муқаддаси миллат шинохта шудааст. Беваҳдат на суботисиёсӣ ба даст меояд, наиқтисодиустуворрушдмекунадва на фарҳангумаънавиятпояндамемонад.

Ваҳдати миллӣ ин на танҳо як санаи таърихӣ, балки руҳи зиндаи миллат, муқаддастарин арзиш ва пояи давлатдории навини тоҷикон аст. Ин рӯз дар ҳаёти сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии миллати тоҷик ба таври абадӣ нақш бастааст. Маҳз ваҳдати миллӣ, оромиву субот ва фурӯ нишастани оташи ҷанг шароити мусоид фароҳам овард, ки имрӯз мо бо ифтихор аз фарҳанг, мусиқӣ, забон ва ҳунари худ, дар фазои сулҳу амонӣ фаъолият менамоем.

Таърихи муосири Тоҷикистон беш аз ҳама гувоҳи он аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хиради сиёсӣ ва азалиихеш, дилсӯзиву садоқат ба миллат тавонистанд кишвари азизи моро аз вартаи ҷудоӣ ва ҷанг наҷот бахшида, заминаҳои муҳимми рушди устувори кишварро фароҳам оранд. Пешвоимиллатпайвастатаъкидменамоянд, ки «Ваҳдати миллӣ рамзи ҳастии миллат ва асоси пойдории давлат аст».

Имрӯз Консерваторияи миллии Тоҷикистон бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот, саҳнаи устувори рушди фарҳанг ва тарбияи мутахассисони соҳаи мусиқии касбӣ маҳсуб меёбад. Саҳми устодону донишҷӯён дар ҳифз ва муаррифии мусиқии миллӣ дар дохил ва хориҷи кишвар шоёни таҳсин аст. Ва бешак, ҳамаи ин пешравиҳо маҳз ба шарофати сулҳу ваҳдат даст додааст.

Насли имрӯз бояд дарк кунад, ки ҳифзи ваҳдат, пос доштани арзишҳои миллӣ, забон, фарҳанг, мусиқӣ ва ҳунар – вазифаи муқаддаси ҳар як фарди бедордил ва ватандӯст аст. Мо бояд ворисони ҳақиқии ин арзишҳо бошем ва онро ба наслҳои баъдӣ бо ифтихор интиқол диҳем.

Имрӯз ҷавонони боистеъдоди Консерватория рисолати бузурге бар дӯш доранд – ҳам нигоҳбони фарҳанги миллӣ мебошанд ва ҳам онро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд. Иштироки онҳо дар созмонҳои фарҳангӣ, муаррифии мусиқии тоҷик ва тарбияи руҳияи ватандӯстӣ дар ҷомеа муҳим аст. Мо ба шумо – ҷавонони соҳаи фарҳанг, умед дорем ва мутмаинем, ки номи Тоҷикистонро бо забони ҳунар боз ҳам баландтар мебардоред.

Ҳамчун, намояндагони соҳаи фарҳанг ва мусиқӣ, мо бештар аз ҳар кас дарк мекунем, ки ҳамбастагӣ ва суботи ҷомеа шарти асосии рушди ҳунар мебошад. Маҳз фазои ваҳдат аст, ки суруду мусиқӣ руҳу ҳувияти миллиро зинда медорад, истеъдодҳо рушд мекунанд ва фарҳанги миллӣ ба арсаи ҷаҳонӣ роҳ меёбад.

Консерваторияи миллии Тоҷикистонба номи Талабхӯҷа Сатторов имрӯз ҳамчунборгоҳи илму ҳунар ва мактабиолии мусиқӣ ба тарбияи сарояндагону навозандагон, дирижёрону оҳангсозон машғул аст. Ин пешравиҳо маҳз дар фазои ваҳдат, субот ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонамалӣ мегарданд.

Мо – шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлол, бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки ҳифзи ваҳдат масъулияти имрӯзу фардои мо, фарзандони Ватан мебошад.

Фаромӯш насозем, ки ваҳдат на танҳо сулҳ аст, он фарҳанг аст, забон аст, ҳувият аст, ифтихори миллӣ ва эҳтироми якдигар аст.

Бо чунин бовар ва эҳсоси баланд, Рӯзи Ваҳдати миллиро ба ҳамаи Шумо табрик гуфта, орзу менамоям, ки Тоҷикистони азизи мо зери парчами ваҳдату ҳамдилӣ ҳамеша обод, пешрафта ва сарбаланд бошад!

Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак бод!