Ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ бахшида ба рӯзи Ваҳдати Миллӣ дар Консерваторияи Миллӣ

Posted Wed, 06/25/2025 - 19:35
By admin

Бо арҷгузорӣ ба як падидаи муқаддаси миллӣ –Ваҳдати миллӣ, имрӯз, 25-уми июни соли 2025 дар толори хурди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторовҳамоиши илмӣ-фарҳангии пурмуҳтаво баргузор гардид.

Ин ҳамоиши ватанпарварона бо ҳузури устодону донишҷӯён, меҳмонони гиромӣ ва намояндагони сохторҳои илмӣ-фарҳангӣ сурат гирифта, бо шукӯҳ ва эҳтироми хосса ҷараён гирифт.

Ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ бахшида ба рӯзи Ваҳдати Миллӣ

Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳӣ ва паёми табрикотии ректори Консерватория номзади илмҳои санъатшиносӣ, дотсент Давлатзода Баҳодур Давлат оғоз ёфт. Ӯ ваҳдати миллиро ганҷи бебаҳо ва меваи муборизаи таърихии мардум унвон намуда, аз нақши фарҳанг дар пойдории он ёдовар шуд.

Дар идома, номзади илмҳои филологӣ Л. Шарифзода аз таъсири Ваҳдат дар забону адаб ва ҷаҳонбинии ҷомеаи имрӯзи мова нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмондар таҳкими пояҳои ваҳдати милллӣ сухан гуфт.

Профессор Сайфулло Сафаровдар мавриди решаҳои маънавии ваҳдат ва аҳаммияти фалсафии он дар бақои давлатӣ миллӣ ва созмондиҳии рамзи Ваҳдати миллӣ дар солҳои гузашта баромаде пурмуҳтаво ва хотироти ҷолиберо ироа намуд.

Сипас, Фатҳиддини Замон, масъули бахши иттилооти Кумитаи иҷроияи ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, журналисти шинохта дар заминаи воқеиятҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва нақши Ваҳдат дар суботи давлатдорӣ суханронӣ кард.

Бахши фарҳангӣ бо баргузории барномаи консертӣ бо овози дилнишин ва сурудҳои пур аз муҳаббат ба Тоҷикистони азиз сурат гирифт. Ҳар як тарона ҳамчун пайғоми қалбӣ ва таҷассуми эҳсоси ваҳдат, садоқат ва ормонҳои баланди миллӣ садо дод.

Юсуфзода Абдунабӣ бо суруди «Сӯзи сина» ҳунарнамоӣ намуд. Чориев Сироҷидиин бо суруди академии «Ориёно Тоҷикистон», шеъри Муҳтарам Ҳотам, оҳанги Обидҷон Масаидовфазои пур аз шукуфоӣ ва сарсабзии ватандӯстиро бо тамоми шукӯҳу шаҳомати он ба ёд овард.Қодирова Карина бо ҳанги оҳангсози маъруф, аввалин ректори Консерватория Талабхӯҷа Сатторв – «Навои рақсӣ» бо мусиқии шод ва зинда ҳаёти саршор аз умеду навсозиро ба ҳушу зеҳни ҳозирин илқо намуд.Ҳайдаров Зоиршо ва Пулотов Ғайрат бо ҳамовозии «Ушшоқи Содирхон» гирдоби шеъри воло ва мусиқии пуртаъсирро бо ҳусни беназир пешкаш намуданд.Пиров Амруллоботаронаи «Ошиқ» фазоимуҳаббатвасамимиятипокробонавозишиҷонбахши худ пур кард.Ва ниҳоят, Меликов Яқуббо суруди «Тоҷикистон» ҳамин тараннуми зиндагиро бо як нидои пур аз меҳру эътиқод ба Ватан ва эҳёи шону эътибори миллати сарбаланди тоҷик ба анҷом расонд.

Ҳар як иҷро на танҳо як тарона, як суруд ва як оҳанг, балки як симфонияи руҳу эҳсос буд, ки гӯё ҳама дилҳоро бо як навъи ҳамбастагӣ ва меҳри модарӣ пайваст мекард. Ин бахш бо шукуфоии худ эҳсоси ватандӯстии пурзӯр ва руҳиҳамбастагӣ дар байни ҳозиринро боз ҳам афзун сохт.Дар фазои илму ҳунар, каломи шеъру суруд, оромии ботин метавон ҳамзамон нидои Ватанро шунид ва ин лаҳзаҳо дар хотири ҳар иштирокчӣ бо нури ваҳдат нақш бастанд.