Намоиши опереттаи «Дугонаҳо» дар Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ

Дирӯз, 16-уми июни соли 2025, дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, яке аз намоишҳои муҳимми санъати мусиқӣ — операттаи дилошӯби «Дугонаҳо», ки муаллифи он Дамир Дӯстмуҳаммадов мебошад, бо муваффақият ва шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор гардид.
Ин асари зебо ва пурмазмун, ки дар ду парда ба саҳна гузошта шудааст, ғояҳои ҳаётӣ ва муҳаббати поки инсониро бо таври равшан ва таъсирбахш баён менамояд. Намоиш таҳти роҳбарии оркестри симфонӣ — сардирижёри ҷавон Бахтовар Давлатов, заҳматҳои режиссёр Усмонов С. ва бо саҳми арзандаи омӯзгори калони кафедраи сарояндагии академӣ ва дирижёри хор Баротов Ш. ҷолибияти хосса касб намуд.
Ҳунармандони ҷавон бо иҷрои нақшҳои аслӣ — Одинаева Басонат - Садаф, Саидзода Ғолибшоҳ - Назар, Расулов Ҷаҳонгир - Бӯсагадо, Суванова Сабрина - Гулсара ва Олимхӯҷаев Шоҳин -Сафар — дар дилҳои тамошобинон эҳсосоти самимӣ ва гармро бедор карданд. Сарояндагон ва хори опера бо рақсҳои зебо ва сурудҳои дилнишин ба намоишнома ҳусни дигаре зам намуданд.
Ҳикояи оперетта дар муҳити деҳот оғоз ёфта, бо лаҳзаҳои шӯхӣ, муҳаббат ва дӯстдории ҳақиқӣ шунавандагону тамошобинонро ба ҷаҳони зебо ва ҳаяҷоновар мебарад.
Пардаи 1: Дар боғча духтарони деҳа — Садаф, Гулсара ва дигарон — мева ҷамъ мекунанд. Назар, ки коргари деҳа аст, бо Садаф шинос шуда, бо меҳру накӯкорӣ суҳбат мекунад. Духтарон бо суруду шӯхӣ машғуланд. Бӯсагадо, марде шӯхтабиат ва чашмибоз, аз духтарон хоҳиш мекунад, ки ӯро бӯса кунанд. Гулсара бо чашмбозӣ дасти Бӯсагадоро ба лабҳояш мерасонад ва духтарон ба ханда меафтанд. Назар бармегардад ва бо Садаф суҳбатҳои ошиқона мекунад. Гулсара Назарро мебинад ва меравад. Бӯсагадо мактубе менависад, ки онро Назар бояд ба Садаф расонад. Назар мактубро хонда, ба ҳайрат меафтад.
Пардаи 2: Дар ҷашни Меҳргон ҳунармандон бо рақс ва сурудҳо баромад мекунанд. Назар мехоҳад бо Садаф муносибаташро барқарор созад, вале рафтори Бӯсагадо ба онҳо халал мерасонад. Бӯсагадо бо кӯмаки дӯстонаш шӯхии навбатиро роҳандозӣ мекунад ва бо либоси занона ба саҳна мебарояд. Назар ва дигарон ин шӯхиро фош мекунанд ва ҳақиқат ошкор мегардад: мактубро худи Бӯсагадо навишта будааст. Ниҳоят, Назару Садаф ба якдигар бо муҳаббат назар андохта, ба шодӣ ва оштӣ мерасанд.
Намоиш бо эҳсоси баланди ҳунарӣ ва иҷрои бенуқсони ҳунармандон хотима ёфта, бо самимият, ханда ва кафкӯбии гарм аз ҷониби тамошобинон пазироӣ гардид.
Ёдовар мешавем, ки иҷрои оперетта дар имтиҳони давлатӣ сурат гирифта, аз ҷониби раиси имтиҳони давлатӣ ва аъзоён баҳогузорӣ мегардад. Дар намоишнома роҳбарият, омӯзгорону донишҷӯён низ ширкат доштанд.